Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи парандапарварии «Ҳилол»-ро ба истифода доданд

Октябрь 26, 2023 08:38

ДУШАНБЕ, 26.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи якчанд  иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи парандапарварии «Ҳилол»-ро ба истифода дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.

Коргоҳи нав асосан ба парвариши парандаҳои навъи мурғи марҷон, кабк ва фазан машғул буда, дар навбати аввал ҳадаф дорад эҳтиёҷоти бозорҳои дохилиро бо гӯшти парҳезии паранда қонеъ созад. Бо афзоиш ёфтани иқтидори парваришу истеҳсол дар оянда содироти маҳсулоти ниҳоӣ  ба дигар давлатҳо низ дар назар дошта шудааст.

Ба фаъолият оғоз намудани ин корхона боиси таъмини 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Корхонаи парандапарварии  «Ҳилол» иқтидор дорад дар як марҳила 70 ҳазор сар мурғи марҷон, кабк ва фазанро парвариш намуда, дар як сол то 1 миллион сар ин номгӯи парандаро нигоҳубину парвариш намояд.

Талабот ба гӯшти мурғи марҷон, кабк ва фазан дар бозорҳои истеъмолӣ хеле зиёд аст, зеро гӯшти ин парандаҳо парҳезӣ мебошад. Ифтитоҳи Корхонаи  «Ҳилол» дар навбати худ таъминоти аҳолиро бо ин навъи маҳсулот хеле беҳтар месозад, зеро коргоҳ дар як сол иқтидор дорад то 300 тонна гӯшти ин се навъи парандаро истеҳсол ва ба харидорон пешниҳод намояд.

Дар корхона тамоми марҳилаҳои парвариш аз инкубатсия сар намуда,  то нигоҳубин ва забҳи паранда амалӣ мешавад.

Дар маҷмуъ, иншооти нав дорои 11 бино буда, дар дохили он биноҳои парандапарварӣ, коргоҳи инкубаторӣ — чӯҷапарварӣ, коргоҳи забҳи паранда, сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр, бинои маъмурӣ ва ошхона барои кормандон ҷой дода шудаанд.

Тухми инкубатсионӣ, ки аз Фаронса, Русия, Англия ва Эрон ворид мегардад, дар коргоҳи алоҳида бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ парвариш мешавад. Коргоҳ барои нигоҳубини дурусти тухм ва таъмини маҳсулнокии баланди истеҳсолӣ, дорои дастгоҳҳои пешқадам буда, вобаста ба тухми паранда, дар муҳлати аз 24 то 29 рӯз чӯҷа мебарорад. Дар оянда  талаботи сехи инкубатсионӣ аз ҳисоби истеҳсоли тухми худи корхона қонеъ мешавад.

Дар 6 бинои алоҳидаи муҷаҳҳаз парвариши паранда амалӣ  гардидааст. Аз ҷумла, нигоҳубини мурғи марҷон, фазан ва кабк бо усули қафасӣ ва шакли маъмулӣ амалӣ шуда, ин марҳила ба тарзи автоматӣ амалӣ мешавад. Дар корхонаи парандапарварӣ раванди таъмини обу ғизо, тадбирҳои зооветеринарӣ, аз қабили ваксинакунии парандагон, тадбирҳои санитарию беҳдоштӣ ба таври худкор иҷро мегарданд. Ҳамчунин ҳарорати дохили биноҳои парандапарварӣ бо истифода аз дастгоҳҳои насли нав ба таври автоматӣ назорат  мешавад. Васлу насби таҷҳизоти муосири соҳа ва имконияти мусоид ба парваришу дуруст вазн гирифтани кабк, мурғи марҷон ва фазан сабаб гардида, дар давраи парвариш кабк то 450 грамм, фазан то 1 килограмм ва мурғи марҷон вобаста ба зот аз 8 то 25 килограмм вазн хоҳад гирифт.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки забҳи паранда бо назардошти меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ дар сехи алоҳида амалӣ мешавад. Забҳхонае, ки дар дохили Корхонаи парандапарварии  «Ҳилол» бунёд гардидааст, бо дастгоҳҳои замонавии сохти Олмон ва Чин муҷаҳҳаз мебошад. Дастгоҳҳое, ки барои забҳи фазан ва мурғи марҷон пешбинӣ гардидаанд, бори нахуст дар мамлакат мавриди истифода қарор доранд. Ин сех, ки ба тарзи фабрикавӣ фаъолият менамояд, имконият дорад дар як шабонарӯз то 21 ҳазор сар парандаро забҳ намуда, мувофиқи талабот банду баст ва ба харидорон пешниҳод намояд.

Барои нигоҳубини маҳсулоти тайёр корхонаи навтаъсис дорои сардхонаи алоҳида буда, дар ин ҷо маҳсулоти ниҳоӣ бо сифати баланд нигоҳубин карда мешавад. Ин сардхонаи азим иқтидор дорад, ки якбора то 300 тонна маҳсулоти тайёрро нигоҳ дошта, сифати баланди онро таъмин намояд.

Иброз гардид, ки таъмини хӯроки паранда низ аз ҳисоби фаъолияти сехи алоҳидаи худи корхона қонеъ мешавад. Дар ин ҷо бо истифода аз компонентҳои алоҳида, ки аз хориҷи мамлакат ворид мегарданд, дар як моҳ то 43 тонна хӯроки омехтаи паранда истеҳсол мешавад.

Бояд иброз намуд, ки ҳадафи таъсиси Корхонаи парандапарварии «Ҳилол» на танҳо таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезии паранда аст, балки дар нақша аст, ки бо ифтитоҳи ин коргоҳ саршумори парандагони нодир дар табиати Тоҷикистон низ афзоиш дода шавад. Зеро корхона ҳамасола дар баробари забҳ, ҳамчунин то 100 ҳазор сар парандаро ба табиати кушод дар минтақаҳои гуногуни мамлакат сар дода, ба ин васила дар зиёдшавии саршумори парандагони нодир, ҳифзи муҳити зист ва таъмини гуногунии биологӣ ҳисса мегузорад.

Бояд таъкид кард, ки ин корхонаи парвариши парандагони нодир дар миқёси Осиёи миёна ягона мебошад.

Барои кормандон дар ҳудуди корхонаи парандапарварӣ ҳамчунин як ошхонаи алоҳида низ бо шароити зарурӣ бунёд гардидааст.

Корхонаи парандапарварии  «Ҳилол» дар масоҳати 4 гектар бунёд шуда, заминҳои ҳудуди он ҷиҳати парвариши маҳсулоти кишоварзие, ки барои омодакунии хӯроки омехтаи паранда зарур аст, истифода мешавад. Об низ барои фаъолияти истеҳсолии корхона ва шодобкунии заминҳо аз ҷоҳи амудӣ, ки дар ҳудуди корхона сохта шудааст, дастрас мегардад. Ҳамчунин дар доираи бунёди Корхонаи парандапарварии  «Ҳилол» қариб 1 километр роҳи ҳудуди деҳаи Сароби деҳоти Зайнабобод таъмиру мумфарш шуд.

Зимни боздид ва шиносоӣ бо корхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири корхонаи нав баҳои баланд дода, ба масъулин барои таъмини самаранокии фаъолият, истеҳсоли гӯшти аълосифати парҳезӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот, инчунин зиёд намудани саршумори паранда дар табиат дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо намоиши маҳсулоти корхона ва хоҷагии ҷангал шинос гардиданд, ки дар он навъҳои гуногуни дарахтон, тухм ва гӯшти кабк, мурғи марҷон ва фазан ба намоиш гузошта шуд.

Ифтитоҳи Корхонаи парандапарварии “Ҳилол” дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ 26.10.2023

Октябрь 26, 2023 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ