Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Октябрь 7, 2023 13:30

ДУШАНБЕ, 07.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо Президенти Русия Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзаш аз сидқи дил табрик намуда, таманниёти беҳтарини худро иброз доштанд.

Пешвои миллат дар баробари таъкиди саҳми арзишманди Владимир Путин дар ростои тақвияти мавқеи Федератсияи Русия дар арсаи байналмилалӣ, аз нақши созандаи ӯ дар густаришу таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду давлат ёдовар шуданд.

Сарони ду давлат зимни баррасии масъалаҳои алоҳидаи ҳамкории гуногунҷанба аз идомаи муколамаи байнидавлатӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин раванд ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар анҷом дода шуд.

 

Октябрь 7, 2023 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон