Раиси вилояти Хатлон бо ҳолати Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шинос шуд

Октябрь 27, 2023 09:20

ДУШАНБЕ, 27.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо вазъи будубоши тарбиятгирандагони Мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин мактаб – интернат соли 1959 таъсис ёфта, то ҳоло фаъолият дорад. Дар соли нави таҳсил 130 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки аз инҳо 113 нафар писар ва 17 нафарашон духтарон мебошанд.

Муассисаи мазкур аз рӯзи таъсис то имрӯз як зумра мутахасисони болаёқат, ба мисли олимон Аламхон Кучаров, Муродалӣ Набиев, Сайдаҳтам Юнусов, Сайидалам Юнусов, Маҳмуд Абдуллоев, Ҳақназар Хоҷаев, Саид Атоев, Давлатманд Холов, Ҷумъахон Сафаров, Шермуҳаммади Шоҳиён, Абдурозиқ Ҳамидов, Солеҳҷон Завқиев, генерал — майор Рустам Амакиев, Пайрави Сулаймон, Хисрав Наимов, Парвиз Наимов, Дурандеш Иброҳимзода, Ҷамшед Олимов, Сафаралӣ Одинаев, Муҳаммади Амакӣ ва дигаронро тарбия намуда, ба камол расонидааст.

Бо дастгирии Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ин ҷо утоқи замонавии дӯзандагӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон барои духтарон ва ҳаммоми нави замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Раиси вилояти Хатлон бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, аз таҳсилу фаъолияти онҳо огоҳ гардид. Аҳли маориф вазифадор гардиданд, ки барои беҳтар намудани  сифати таълиму тарбия мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси вилоят баъди суҳбату вохӯрӣ ба тарбиятгирандагон туҳфаҳо ва сарулибоси мактабӣ супорид.

 АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 27, 2023 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд