«РОҒУН» — БИНОИ ВАҲДАТУ ҲАМБАСТАГИИ МОСТ. Ҳайати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба мавзеи сохтмони НБО «Роғун» сафар намуд
ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо роҳбарии раиси шаҳр Парвиз Акрамзода дар ҳайати 110 нафар барои шиносоӣ бо рафти корҳои сохтумонӣ дар иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ин майдони меҳнат ва арсаи нангу номуси миллӣ сафар намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ медиҳад.
Дар номаи қаблан ирсолгаштаи онҳо иброз гардидааст, ки бунёди иншооти бузурги аср илова ба манфиатҳои иқтисодӣ ба ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯсти ҷумҳурӣ руҳу илҳоми тоза бахшида, эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони мамлакат боз ҳам қавитар мегардонад.
Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода зимни боздид аз иншооти асосии неругоҳ, нақби сохтмони қабати чаҳорум, ядрои сарбанди асосӣ, обқабулкунакҳои доимӣ, нақбҳои нақлиётию обрасон, шахтаҳои ҳаводеҳ, толори мошинҳо ва ғайра бо заҳмату мардонагии бунёдгарони Кохи нури Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд.
Ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ барои бунёдгарони НБО «Роғун» ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хӯроки нисфирӯзӣ ташкил карда шуд . Санъаткорону ҳунарпешагони шаҳр дар доираи ин танаффус барномаи фарҳангӣ манзур намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода














Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






