«САДОҚАТИ МОДАРОН БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ- САДОҚАТ БА ВАТАН АСТ». Таҳти ин унвон Форуми занони вилояти Хатлон доир гардид

Октябрь 5, 2023 10:17

ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар шаҳри Бохтар таҳти унвони «Садоқати модарон ба Пешвои миллат -садоқат ба Ватан аст» Форуми занони вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш иброз шуд, ки маҳз хиради сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои мондагори он кас барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими давлатдорӣ ва барқарории сулҳу суботи миллӣ буд, ки имрӯз занону духтарони Тоҷикистон дар фазои амну осоиштагӣ ва пешрафту шукуфоии Ватан зиндагонӣ доранд. Таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур намудан имконнопазир аст.

Пешвои миллат ҳамеша изҳор медоранд, ки ба неруи созандаи занони фарзонаву оқили тоҷик такя менамоянд. Занону модарон дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин бо заҳмату талошҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Тазаккур дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба татбиқи самараноки стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо занон корҳои амалӣ ба анҷом мерасонад.

Шумораи занону духтарони дар мақоми роҳбарикунанда фаъолиятдошта дар миқёси вилоят 13 887 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ба 540 нафар баробар аст, ки аз ин ҳисоб 210 нафар дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолияти назаррас доранд.

Занону модарон аз дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва пешниҳод ба вазифаҳои роҳбарӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, дастовардҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизро натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат арзёбӣ менамоянд.

Роҳбарияти вилоят баргузории Форуми занонро дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ рамзӣ арзёбӣ намуда, нақши Пешвои миллатро дар рушди забони тоҷикӣ бесобиқа медонанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди забони адабии тоҷикӣ ва арҷгузории забони давлатиро муҳим ва муқаддас мешуморанд.

Бо ифтихору сарфарозӣ баён гардид, ки зан-модар посдори забони миллӣ мебошад. Беҳуда халқ забони давлатиро забони модарӣ намегӯяд. Забон аслан ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ мебошад.

Иштирокдорони ҳамоиш изҳор доштанд, ки занони соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик бо шукрона аз озодиву соҳибихтиёрии давлатамон дуогӯи саломативу сарфарозии Пешвои миллат мебошанд.

Дар Форуми занони вилояти Хатлон таҳти унвони «Садоқати модарон ба Пешвои миллат садоқат ба Ватан аст» намояндагони занони вилоят, ки қувваи фаъолу пешрафтаи ҷомеа ба шумор мераванд, дар боби ватандӯстӣ, садоқат ба Президенти мамлакат, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ табодули назар намуданд.

АКС: «Рӯзномаи Хатлон»

Октябрь 5, 2023 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд