САЛОМАТӢ БАРОИ ҲАМА. Дар Тоҷикистон 6 лоиҳаи сармоягузории грантӣ дар соҳаи тандурустӣ татбиқ мегардад

Октябрь 9, 2023 16:32

ДУШАНБЕ, 09.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ лоиҳаҳои зиёди инвеститсионӣ татбиқ гардида, ҳоло амалисозии 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи   225 миллиону 412 ҳазору 473 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома дорад. Татбиқи онҳо дар рушди соҳаи тандурустӣ ва хизматрасонии саривақтию босифати тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат намуда, тавассути онҳо сиҳатии сокинон ҳифз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумлаи ин лоиҳаҳо «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон», Лоиҳаи «Ҳифзи солимии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, марҳилаҳои II-VI», Лоиҳаи «Мубориза бар зидди бемориҳои сил, марҳилаи V», Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» ва Лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» амалӣ шуда истодаанд, ки маблағи умумии ин лоиҳаҳо дар аввали соли 2023  225 миллиону 412 ҳазору 473 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад.

Илова бар ин як лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ, ки дар соҳаи тандурустии мамлакат амалӣ гардидааст, ин «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» мебошад, ки 30 июни соли 2023 муваффақона татбиқ гардид.

«Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» дар доираи чор созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд дар ҳаҷми умумӣ баробар ба 57,5 миллион доллари ИМА татбиқ шуда истодааст.

Лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ – грантӣ амалӣ шуда, ҳадафи асосии он барои пешгирӣ, омодагӣ ва эътино ба пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тақвият додани иқтидори соҳаи тандурустӣ дар самти табобати интенсивӣ ва эҳё, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз хавфу оқибатҳои имконпазири пандемия ва дастгирии иловагии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти кумакпулии якдаъфаина ва таъмини аҳолӣ бо ваксина бар зидди Ковид – 19 маҳсуб мешавад. Муҳлати татбиқи лоиҳа то 30 ноябри соли 2023 муайн гардидааст.

Лоиҳаи «Ҳифзи солимии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, марҳилаҳои II-VI» аз ҳисоби маблағгузории грантии Бонки Олмонии Рушд бо маром амалӣ мешавад. Лоиҳаи мазкур аз барномаҳои самти тандурустии Бонки Олмонии Рушд аз муқаррароти созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ сарчашма гирифта, татбиқ мегардад. Маблағи умумии Лоиҳа иборат аз  марҳилаҳои II-VI ба 62 миллиону 604 ҳазору 760 доллари ИМА баробар аст. Муҳлати татбиқи лоиҳа то моҳи декабри соли 2025 муқаррар гардидааст.

Лоиҳаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои интихобгардида татбиқ шуда, амалисозии он ба беҳтар намудани хизматрасонӣ барои занони ҳомиладор ва навтаваллуд, ёрии таъҷилӣ дар самти акушерӣ-гинекологӣ, такмили ихтисос оид ба табобат бо истифода аз технологияҳои муосир ва дигар чорабиниҳои дахлдор равона гардидааст. Зимни татбиқи лоиҳа сохтмон, барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани марказҳои перинаталӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон, барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Темурмалик амалӣ мегардад.

Лоиҳаи «Мубориза бар зидди бемориҳои сил, марҳилаи V» бо маблағи умумии 3,9 миллион доллари ИМА бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Олмонии Рушд мавриди амал қарор дорад. Дар доираи ин лоиҳа сохтмон ва таҷҳизонидани бинои Беморхонаи кӯдаконаи сил дар заминаи Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина (Мачитон), барқарорсозии бинои ошхона ва нуқтаи ҷомашӯӣ, такмили ихтисоси ҳайати кормандон дар самти ташхис ва табобати бемории сили кӯдакона, идоракунии беморхонавӣ, истифодаи таҷҳизот, идоракунӣ ва бехатарии фаъолияти BSL-3 озмоишгоҳ ва баланд бардоштани иттилоот оид ба паҳншавии бемории сил, пешгирӣ ва паст намудани сирояти он дар байни аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз созишномаҳои қолабӣ ва молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 28 августи соли 2019 ба имзо расида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тасдиқ гардидааст, сарчашма мегирад.

Бо мақсади амалисозии лоиҳа Гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2020 таъсис дода шудааст. Лоиҳаи мазкур ба маблағи умумии 26,8 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалӣ гардида, муҳлати татбиқи он то моҳи феврали соли 2024 муқаррар шудааст.

         Ҳадафи лоиҳа дастраснамоии таҷҳизот ва рушди инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ, баланд бардоштани даврҳои омӯзишӣ ва дар умум беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи кумаки тиббию санитарӣ ва госпиталӣ дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар раванди татбиқи лоиҳа сохтмон ва таҷҳизонидани Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара, таъмир, барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани Беморхонаи марказии шаҳри Норак, сохтмон ва ҷиҳозонидани Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг ба нақша гирифта шуда, ҳамзамон вобаста ба баланд бардоштани иқтидори дастурии муассисаҳои тиббӣ ва корҳои фахмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба саломатии модарону кӯдакон ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бунёди Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Данғара бо маром идома дорад.

Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг низ дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохта мешавад. Он дар масоҳати 2,1 гектар ҷойгир буда, аз 5 шуъба иборат мебошад. Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати молиявии Бонки Исломии Рушд бунёд мегардад.

Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг барои 80 кат пешбинӣ гардида, дорои шуъбаҳои бемориҳои даруна, кӯдакона, таваллуд ва ҷарроҳӣ аст.  Корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг  моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, тибқи нақша бинои иншоот аввали соли 2024 пурра сохта, ба истифода супорида мешавад.

Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд амалӣ гардида, маблағи умумии он 35,2 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад. Муҳлати татбиқи лоиҳа то соли 2025 муқаррар шудааст. Лоиҳаи мазкур дар ноҳияҳои Файзободу Рашт ва Шамсиддини Шоҳин татбиқ гардида, дар доираи он сохтмон, таҷҳизонидан ва баланд бардоштани иқтидори мутахассисони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои таҷрибавӣ амалӣ мешавад.

Ҳадафи асосии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар  ва кӯдак»- ин беҳтарсозии фарогирии модарон ва кӯдакон бо хизматрасонии маҷмуии сифатнок оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак мебошад. Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ дар якчанд иншооти соҳаи тандурустӣ дар ноҳияҳои Файзободу Рашт ва Шамсиддини Шоҳин, ки дар доираи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» ба нақша гирифта шудааст, бо маром идома доранд.

Дар ноҳияҳои таҷрибавӣ дар  самти баланд бардоштани сифати хизматрасонии маҷмуии  босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, такмил ва беҳтарсозии инфрасохтори муассисаи тиббӣ ва бо муосиртарин таҷҳизот таъмин намудани онҳо, ҳамзамон ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб намудани мутахассисон, ки аз ҳадафҳои аслии татбиқ гардидани Лоиҳа дониста мешавад, корҳои назаррас ба сомон расидаанд.

Мувофиқи Лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмуӣ барои модар  ва кӯдак» дар ноҳияи Файзобод Маркази ташхису табобат, бинои беморхонаи Марказӣ, бинои Шуъбаи таваллуд навсозӣ ва таъмири куллӣ мешавад. Ҳоло сохтмони Маркази ташхису табобат, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ ва Шуъбаи таваллуд дар назди Беморхонаи марказӣ идома дорад. Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод аз 10 шуъба ва 216 кат иборат мебошад.

Масоҳати қитъаи замини беморхонаи марказӣ 3,85 гектарро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ 20 июли 2022 шуруъ  шуда, аксари корҳои асосии бунёдӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Маркази ташхису табобатии ноҳияи Файзобод дорои 6 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ёрии фаврии тиббӣ, ташхисӣ, ҷарроҳӣ, таваллуд ва табобати интенсивӣ мебошад. Маркази ташхису таботии ноҳияи Файзобод бо 28 кат барои кӯдакон ва 8 кат барои калонсолон пешбинӣ гардидааст.

Инчунин дар доираи амалигардонии лоиҳа навсозии инфрасохтор, аз қабили (шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, барқ) ва сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ (кислород) ба нақша гирифта шудааст.

      Дар ноҳияи Рашт низ сохтмон ва таъмиру тармими  4 бино, аз ҷумла сохтмони Маркази  ташхису табобат, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ ва бинои хобгоҳ барои занони ҳомила мувофиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар назар дошта шуда, имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармим тибқи нақша идома доранд.

Дар доираи татбиқи лоиҳа таъмиру навсозии бинои Маркази саломатӣ, Беморхонаи марказӣ иборат аз 9 шуъба ва 128 кат, хобгоҳ барои занони пеш аз таваллуд бо 22 кат ва сохтмони бинои Маркази ташхису табобатӣ идома дорад. Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳияи Рашт ба 126 ҳазору 700 нафар аҳолӣ хизмат мерасонад. Маркази ташхису табобатии ноҳияи Рашт дорои 8 шуъба буда, дар умум барои 60 кат пешбинӣ гардидааст.

Инчунин дар доираи амалигардонии лоиҳа навсозии инфрасохтори зарурӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Масоҳати қитъаи замини Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт 2,8 гектар ва масоҳати қитъаи замини Маркази саломатӣ 0,8 гектарро ташкил медиҳад. Бо бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти замонавии соҳа хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар мегардад.

         Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сохтмони маҷмааи «Модару кӯдак», ки дар он Беморхонаи марказии ноҳия бо 66 кат, Маркази саломатии ноҳиявӣ ва Маркази ташхису табобат ҷойгир мешавад, идома дорад. Ба корҳои сохтмонӣ пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот 23 октябри соли 2022 зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  санги асос гузоштанд.

Лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осёии Рушд аз 8 июли соли 2021 эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудааст.

             Маблағи умумии Лоиҳа 26,8 миллион доллари ИМА ташкил медиҳад. Муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур то 1 декабри соли 2023 муқаррар шудааст. Мақсади асосӣ аз татбиқи ин лоиҳа- дастрас намудани ваксина бар зидди КОВИД-19 ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мусаллам аст, ки солҳои 2020-2022 барои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли дорои мушкилот, ҳассосият ва санҷишҳо ба шумор меравад.

Маҳз сабт намудани сирояти нави коронавируси COVID-19 дараҷаи ҳассосият, норасоиҳо ва мушкилоти соҳаи тандурустӣ, омодагии муассисаҳои соҳаро вобаста ба ҳолатҳои фавқулодаи тандурустии ҷамъиятӣ муайян намуд ва татбиқи ин лоиҳаи ҳадафманд низ дар ин самт натиҷабахш арзёбӣ мегардад.

    АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 9, 2023 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад