Дар Хатлон қариб 2 тонна маводи тиббӣ ва дорувории муҳлати истифодааш гузашта нобуд карда шуд

Ноябрь 30, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Бохтар қариб 2 тонна маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ороишию гигиенӣ, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, бо тарзи сӯзонидан  нобуд карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар маҷмуъ 1 ҳазору 811 килограмм маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ашёи ороишию гигиенӣ ба маблағи 134 ҳазору 540 сомонӣ нобуд карда шуд. Аз ин миқдор 1371 килограммро доруворию молҳои тиббӣ ва 440 килограммро маводи ороишию гигиенӣ ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин мавод аз ҷониби соҳибони дорухонаҳо, ширкатҳои фармасевтӣ ва соҳибкорон ба тариқи расмӣ тавассути мактуб барои нобудсозӣ ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ пешниҳод шудаанд.

Гуфта шуд, ки ширкатҳои фармасевтӣ ва соҳибкорон дар мавриди барориши маводи муҳлаташон гузашта бояд масъулияти баланд нишон дода, онҳоро сари вақт аз муомилот берун намуда, барои нобудсозӣ супоранд.

АКС: Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон

 

Ноябрь 30, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд