Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот намуданд

Октябрь 26, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 26.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бо зиёда аз 60 нафар ятимони кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат нахуст аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон бохабар гардида, бо вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд.

Дар мулоқоти имрӯза ба ятимони ноҳияи Рӯдакӣ, дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятимон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари оростани хони пурнозу неъмат ва зиёфат, ба наврасону ҷавонони ятим, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модари худ бенасиб мондаанд, китоб, сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим гардид.

Ятимон ҳангоми суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, ба Пешвои раъиятпарвари худ ҷиҳати ғамхориҳои пайваста ва падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.

Ҳангоми мулоқот ва тақдими туҳфаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои беҳтар намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ, саривақтӣ ва самарабахш андешида мешаванд.

Дар ин рӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили рассомӣ, пухтупаз, дӯзандагӣ, бофандагӣ, ки дастранҷи худи тарбиятдиҳандагону ятимон буданд, дар як гӯшаи боғ ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими ноҳияи Рӯдакӣ суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро ба омӯхтани касбу ҳунар, хониши хубу аъло, омӯзиши  илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, техника ва технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва дӯст доштани Ватан ҳидоят намуданд. Чунки ояндаи давлат ва миллат дар дасти ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва донишманду бозаковат мебошад.

Ятимон ҳангоми суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, ба Пешвои раъиятпарвари худ ҷиҳати ғамхориҳои пайваста ва падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён доштанд.

Мулоқот бо ятимони кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ 26.10.2023

Октябрь 26, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд