Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Сарҷамъ»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 26.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхона дар майдони 0,32 гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шуда, баъди ифтитоҳ 70 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Коргарони корхона нахуст нозукиҳои кор дар дастгоҳҳои истеҳсолиро омӯхта, дар коргоҳ мустақилона таҷҳизотро идора менамоянд. Айни ҳол 30 нафари дигар аз бахшҳои коромӯзӣ гузашта истодаанд. Оянда бо фаъол намудани истеҳсолот дар ду баст шумораи коргарон афзоиш дода мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар корхона ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолбарориро дар ноҳияи Рӯдакӣ заминаи хуби татбиқи панҷсолаи рушди соҳаи саноат арзёбӣ намуданд.
Дар корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ” дар як рӯз 500 ҷуфт пойафзол истеҳсол мешавад.
Пойафзоли занона, мардона ва бачагона номгӯи молҳои дар корхона истеҳсолшавандаро ташкил медиҳад ва маҳсулоти он ивазкунандаи воридот мебошад.
Дар коргоҳҳои корхона 26 дастгоҳи пойафзолдӯзӣ, 1 дастгоҳи гулзанандаи пойафзол, 4 дастгоҳи буррандаи чарм ва 39 дастгоҳи дигари пойафзолдӯзӣ насб гардидаанд, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудаанд.
Дар корхона ба сифати коркарди ашёи хом таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Маҳсулоти истеҳсолшаванда ба бозори дохилӣ рақобатпазир буда, барои таъмини эҳтиёҷоти мардум ба фурӯш бароварда мешавад.
Баъди ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ” ва суҳбати самимӣ бо коргарон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти корхона шинос шуданд.
Дар намоиш 20 намуд пойафзоли занона, мардона ва бачагона ба маъраз гузошта шуда буд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, бо зиёд намудани ҳаҷми он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот саҳми муносиб гузоранд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар Тоҷикистон дар айни ҳол 21 корхонаи истеҳсоли пойафзол фаъолият доранд.
Дар 9 моҳи соли 2023 1 ҳазору 190 ҷуфт пойафзол истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни тамошои намоиши маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ аз дастгирӣ ёфтани сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.









НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 143 иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи Ҳисор биноҳои иловагии се муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ПИРӮЗИИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолии Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон






