Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди дорои аҳаммияти маҳаллии Муъминобод-Ғеш-Чилдухтаронро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии Муъминобод-Ғеш-Чилдухтаронро мавриди истифода қарор доданд.
Роҳи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон» дар муддати кӯтоҳ ва мувофиқ ба меъёрҳои сохтмонии муосир бунёд гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масофаи роҳи сохташуда 12 километрро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ бо харҷи 10 миллиону 400 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудаанд. Роҳи мазкур ба категорияи 4-уми роҳдорӣ шомил мебошад. Дар таъмиру таҷдиди роҳ асосан мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.
Роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии Муъминобод-Ғеш-Чилдухтарон барои пайваст шудан ба ноҳияҳои ҳаммарз бо ноҳияи Муъминобод мусоидат менамояд. Сохтмони роҳ махсусан сокинони маҳаллиро, ки ҳамарӯза аз он истифода мебаранд, хушҳол намуд.
Ин роҳ ноҳияи Муъминободро ба ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалик мепайвандад ва барои гардиши сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити мусоидро фароҳам месозад.
Дар ҳамин ҷо инчунин лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Чашмасор-Лангар, роҳҳои таворавии шаҳри Кӯлоб, сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди Тугарак-Шамсиддин Шоҳин муаррифӣ гардид. Махсус бояд таъкид намуд, ки корҳои лоиҳакашии қитъаҳои роҳи автомобилгарди Чашмасор-Лангар ва Тугарак-Шамсиддин Шоҳин пурра ба анҷом расонида шуда, дар баррасии экспертизаи давлатӣ қарор доранд.
Табиист, ки бунёди роҳҳо ба беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда, мушкилоти мардумро рафъ месозад. Бо назардошти ҳамин нукта, Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба масъалаи бунёду навсозии роҳҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.
Дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод, ки ҳамчун минтақаи сайёҳӣ шинохта мешавад, сол аз сол инфрасохтори соҳаи нақлиёт беҳтар мешавад, ки ин тадбир ба ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.
Лозим ба таъкид аст, ки давоми соли равон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон» дар чанд роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён гирифта, дар маҷмуъ аз ҷониби ин ҷамъият 20 километр роҳ асфалтпӯш карда шудааст.









«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд






