Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони ИДМ иштирок намуд

Октябрь 26, 2023 17:53

ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар доираи узвияти худ дар ИДМ пайваста барои рушди ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои афзалиятнок бо давлатҳои аъзои Иттиҳод ҳавасмандии зиёд зоҳир менамояд.

«Буҳрони шадиди иқтисодию молиявӣ, ки аксари давлатҳои сайёраро фаро гирифтааст, аз ҳамаи  мо тақвияти бештари ҳамкориро дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ тақозо менамояд», — изҳор дошт Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода.

Иштирокдорони ҷаласа оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкории иқтисодӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ, баргузории ҷаласаи навбатии Шуро, барномаи байнидавлатии ҳамкории давлатҳои аъзо дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, маълумоти фазоӣ, технологияҳои геоинформатсионӣ, зеҳнҳои фосилавии Замин, бақайдгирии кадастрӣ ва бақайдгирии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул барои давраи то соли 2026, Консепсияи рақамикунонии соҳаҳои маҷмуи сузишворию энергетикии давлатҳои аъзои ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок оид ба татбиқи он, Барномаи мақсадноки байнидавлатии «Барқарорсозии қаламрави давлатҳои аз истихроҷи уран зарардида», Маҷмуи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи саноати куҳию металургӣ аз 28 октябри соли 2016, Низомнома дар бораи майдонҳои технологӣ дар доираи Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2030 табодули афкор намуданж.

Илова бар ин, иштирокдорон Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 80-солагии Рӯзи Ғалаба соли 2025 дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории Соли ҳаракати ихтиёриён дар давлатҳои ИДМ дар соли 2024, таъминоти молиявии фаъолияти сохторҳои ИДМ, масъалаҳои ҷудо намудани маблағ барои ташкил ва рушди низоми ягонаи мудофиаи зиддиҳавоии давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2024, ворид намудани тағйирот ба қарори Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 25 майи соли 2007 дар бораи таъмини молиявии фаъолияти сохторҳои Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои иштирокдори ИДМ ва шумораи ниҳоии Раёсати иҷроияи он, иҷрои буҷети ягонаи мақомоти ИДМ барои соли 2022 ва баъзе масъалаҳои таъмини молиявии фаъолияти мақомоти ИДМ дар солҳои 2023-2024, ворид намудани тагйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии ИДМ оид ба ҷиҳатҳои молиявии фаъолияти сохторҳои ИДМ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.

Қарор дода шуд, ки ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои ИДМ соли оянда дар шаҳри Ашхободи Туркманистон гузаронида шавад.

Дар анҷоми ҷаласа як қатор санадҳо ба имзо расиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 26, 2023 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо волии Трабзон мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии ҷаҳонии вазирони Семаул ва ҳамоиши роҳбарони Семаул иштирок дорад
Дар Вена нахустин консерти Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо Котиби Шурои олии фазои маҷозии Эрон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Беларус баргузор шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Беларус Павел Утюпин мулоқот намуд
Дар Москва машваратҳои байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Ашқобод 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо мулоқот намуд
Дар Вена даври дувоздаҳуми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Австрия доир гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва арабӣ иштирок намуд