Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 12, 2023 17:19

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Албатта, ҳар эҷодкор сабку услуби худро дорад, вале он бояд ба доираи васеи хонандагон фаҳмо бошад. Аҳли қалам ва рӯзноманигорон худашон бояд дар масъалаи риояи қонун дар бораи забон, тозагии он ва рушди забони ширин ва шоиронаву шевои тоҷикӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Ба андешаи ман, ин яке аз рисолатҳои касбӣ ва қарзи шаҳрвандии рӯзноманигорон маҳсуб мешавад».

Эмомалӣ Раҳмон, март 2012

Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 10 октябри соли равон  оид ба рӯнамоии ҷилди дуюми китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» дар Теҳрон ва таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Тошканд хабарҳои муфассал нашр намудааст. Дар ҳамоиш ба муносибати рӯнамоии китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» донишмандон ва забоншиносон зимни суханронӣ, аз ҷумла иброз доштаанд, ки «ҷои чунин таҳқиқи ҷомеъ ва фарогир дар забоншиносии Эрону Афғонистон холӣ аст ва иқдоми муаллифи «Забони миллат — ҳастии миллат» дар пажӯҳиши марҳалаҳои пайдоиш ва рушду такомули забони муштараки халқҳои форсизабон шоистаи пайравии донишмандони ин кишварҳо аст». Дар саҳифаҳои дохилии ин шумораи нашрия мақолаи «Айнӣ ва Лоҳутӣ. Сайре дар олами рафоқати ду устоди забардаст» бо қалами А. Розиқзода чоп шудааст. Дар мақола оид ба номаҳое, ки ду устоди забардасти адабиёту фарҳанги миллати тоҷик ба ҳамдигар иншо ва ирсол намудаанд, инчунин муҳтаво ва сабабҳои иншо шудани он мактубҳо нақл мешавад, ки барои ҷавонони имрӯз ибратомӯз мебошад.

Шумораи навбатии «Ҷумҳурият» аз 11 октябр бо мақолаҳои ҷолиб пешниҳоди хонандагон шудааст. Аз ҷумла, дар саҳифаи якуми нашрия мақолаи Хуршед Зиёӣ «Аз қафас бинмуд раҳояш» чоп шудааст. Манзур аз «қафас раҳо намудан» достонҳои шоир ва мутаффакири бузург Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ мебошанд, ки бо забони нобу табъи шоирӣ, на ба забони хушки илмӣ аз тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки тарҷумаи ашъори Мавлоно ба забони англисӣ аз ҷониби Колман Баркс боиси он гардид, ки дар охирҳои асри гузашта ва ибтидои асри навин дар адабиёти англисзабон нашри осори Мавлоно ҳатто аз нашри ашъори Шекспир болотар рафт: «Чунин ҳолат дар сесад соли охир мушоҳида нашудааст», — омадааст дар мақола. Ҷойи дигар муаллиф бо такя ба муҳаққиқони амрикоӣ изҳор намудааст, ки ашъори Мавлоно дар тарҷумаи Колман Баркс ба як навъ эҷодиёти шифоҳӣ ва ё ба ифодаи дигар, ба фолклори амрикоиҳои муосир мубаддал гаштааст, ки ҳар рӯз аз он ба таври васеъ истифода бурда мешавад…

Дар ин шумораи нашрия мақолаи «Ипотека. Оё хонаобод мешавӣ?» чоп шудааст. Муаллиф оид ба таърихи пайдоиши ипотека, ба кадом қишри ҷомеа нигаронида шудани он, шарҳи ипотека аз ҷониби «Амонатбонк», гирифтан ва ё нагирифтани он мулоҳизаҳо баён доштааст.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (аз 9 октябри соли равон) хабарҳоро оид ба суҳбати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микалле ва мулоқоти муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси иҷроияи Фонди саудии рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршад хабарҳои расмӣ чоп намудааст. Ҳамчунин нашрия дар бораи баргузор гардидани ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иттиллои муфассал пешниҳоди хонандагон намудаст. Дар саҳифаҳои дохилии шумораи навбатии нашрия мақолаи вакили Маҷлиси намояндагон К. Исмоилиён бо сарлавҳаи «Аҳамияти Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ» нашр шудааст. Муаллиф дар робита ба таҳия, зарурат ва қабули Консепсияи сиёсати хориҷии мамлакат навиштааст: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ он давлат муваффақ мегардад, ки бо назардошти манфиатҳои миллӣ сиёсати дохилию хориҷии худро воқеъбинона ва дурандешона роҳандозӣ намояд. Бинобар ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 таҳти рақами 332 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, ҳамчун санади сиёсӣ принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуд.

Зарурати таҳия ва қабули ин консепсия аз мушаххас намудани ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити дигаргуниҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии мамлакат ва ташаккули симои нави геополитикӣ дар ҷаҳону минтақа дар даҳаи дуюми асри XXI бармеояд. Консепсия таҳия ва роҳандозии чунин сиёсати хориҷиро пешбинӣ менамояд, ки он ба мутобиқ намудани рушди мамлакат ба равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироӣ, минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат намояд, имконияти муносиби навро барои пешгирӣ ва рафъи хатарҳою чолишҳои имконпазир ба амнияти миллии он фароҳам оварад, заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар асоси воқеъбинӣ ва мутавозинӣ таъмин созад».

Нашрияи «Народная газета» матни суханронии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ нашр намуда, ҳамчунин тақризи профессор С. Ятимовро ба китоби олимон Филимонова Т.Г., Муҳиддинов Х.Ю, Ғаффоров Х. «Ёдгориҳои бостонии Фархорзамин» бо сарлавҳаи «Бозёфт ва тадқиқоти археологӣ — шакли инъикоси воқеияти таърихӣ» пешкаши хонандагон намудааст. Профессор С. Ятимов оид ба бобҳои китоб, забони он, тарз ва услуби таҳқиқоти олимон андешаҳои худро баён дошта, навиштааст: «Яке аз муҳимтарин омилҳои худшиносии миллӣ донистани таърихи Ватан мебошад.  Дар ин самт воситаи асосӣ — таҳқиқи воқеияти таърихи миллат, тафсир ва муътақидгардонӣ тавассути натиҷаҳои муътамаду собитнамудаи аҳли зиё — олимон ва донишмандон ба ҳисоб меравад». Нашрия таҳти рубрикаҳои «Ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ», «Соли 2023 — Соли забони русӣ», «Солҳои рушди саноат», «Нақши занон дар ҷомеа» «Пойтахт», «Муҳоҷират», «Хоҷагии қишлоқ», «Экология», оид ба натиҷаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар мавзуъҳои муҳими рӯз хабар, мақола ва гузоришҳо чоп намудааст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» мақолаи Эмомалӣ Насриддинзодаро бо сарлавҳаи «Истиқлол — неъмати бебаҳои таърих. Ё сухане чанд дар мавриди нақши Пешвои миллат ва рушди устувори Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ» чоп намудааст. Муаллифони мақолаи илмӣ-оммавии «Омилҳои зуҳури ифроту террор дар ислом ва роҳҳои муқовимат бо онҳо» оид ба таърихи пайдоиши дини ислом, таълимоти мазҳаби ҳанафия, сиёсисозии ислом, ифротгароии динӣ, терроризми байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои атрофи дини ислом мулоҳизаҳои худро баён доштаанд.

А. САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»

Октябрь 12, 2023 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Пагоҳ ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?