Шарифмо Шарифова: «Хизмати Ватан-Модарро, ки ба ҷо овардӣ, он гоҳ ифтихор мекунам, ки пуштибону ҳимоятгари ҳақиқиро ба воя расонидаам».
ДУШАНБЕ, 02.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Писарам, ман орзу дорам, ки қарзи фарзандӣ-хизмат ба Ватан-Модарро бо сари баланд ба ҷо меорӣ, мактаби мардонагию шуҷоатро дар сафи Артиши миллӣ гузашта, бо сари баланд ба назди мо бармегардӣ ва мояи ифтихори ману аҳли хонавода мешавӣ! Он гоҳ ман аз худ қаноатманду розӣ мешавам, ки пуштибону ҳимоятгари ҳақиқии Ватанро ба воя расонидаам. Бо чунин суханони пур аз самимият имрўз сармутахассиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўшониён Шарифмо Шарифова фарзандаш — Муҳаммад Низомзодаро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўшониён Муслима Амонзода хабар дод.
Муҳаммад Низомзода ба модари азизаш қавл дод, ки қарзи фарзандияш- иҷрои уҳдадории ҳарбиро, ки яке аз оинҳои ҷавонмардист, ба ҷо оварда, мояи ифтихори ўву пайвандонаш мегардад.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Кўшониён мисли Шарифмо Шарифова даҳҳо нафар падару модарон ба ҷамъомади тантанавӣ баҳри гусели фарзандонашон ба сафи Артиши миллӣ омада буданд. Онҳо ба фарзандони худ моҳияти Ватану ҳимоятгари ў будан ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодиро фаҳмонида, дар ин роҳи пуршараф ба онҳо комёбӣ таманно намуданд.
Дар ин ҳамоиши тантанавӣ пас аз анъанаи “нонгазон” барномаи пуршукўҳи фарҳангӣ доир шуд, ки барои даъватшавандагон хотирмон гардид.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 1 октябр даъвати шаҳрвандони то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки сол аз сол шароити техникии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беҳтар мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри фароҳам овардани шароити арзанда барои хизматчиёни ҳарбӣ дарак медиҳад. Ҳамаи ин имконияти фароҳамгардида насли ҷавони мамлакатро вазифадор месозад, ки аз хизмати Модар-Ватан саркашӣ накарда, барои ҳифзи марзу буми он доим омода бошанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўшониён








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






