Шурои мудирони Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ нахустин маротиба дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

Октябрь 3, 2023 16:42

ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шурои директорони Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (AIIB) эълон намуд, ки ҷаласаи 9-уми Солонаи Шурои идоракунандагонашро моҳи сентябри соли 2024 дар Самарқанд баргузор менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин бонк хабар доданд.

Маросими ба анҷом расидани ҷаласаи солонаи Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар соли 2023 ва интиқоли ваколатҳо ба давлати мизбони ҷаласаи солонаи бонк соли 2024 дар Шарм-уш-Шайх (Миср) баргузор шуд.

Мудири Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон, Раиси Шурои мудирони AIIB ва мизбони ҷаласаи солонаи AIIB дар соли 2024 дар Узбекистон Лазиз Қудратов дар маросими тантанавӣ аз Мудири AIIB дар Миср ва Раиси Шурои мудирони AIIB дар соли 2023 Муҳаммад Майит ваколатҳои расмии мудириро қабул намуд.

Президенти AIIB ва Раиси Шурои директорон Тсин Литсюн иброз дошт, ки «мо дастгирии пайвастаи ҳукуматҳои Узбекистон ва Мисрро хеле қадр менамоем. Ҷаласаи солонаи AIIB имконияти беназир барои гирифтани дониш ва тавсияҳои бебаҳо оид ба самти стратегии бонк аз саҳмдорони мо мебошад. Ҳамкории мунтазам бо саҳмгузорони мо барои таъмини шаффофият ва ҳамкорӣ муҳим аст, зеро он рушди босуръат ва қавии AIIB-ро пуштибонӣ менамояд».

«Муваффақияти вохӯриҳои солонаи мо ба дастгирии пайвастаи мизбонон, ки ба ҳамкорӣ ва муҳокимаи ошкоро оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд, вобаста аст»,- гуфт ноиби президенти AIIB ва котиби корпоративӣ Людгер Шукнехт.

Меҳмонони олиқадри чорабинӣ инчунин ба мардум ва ҳукумати Миср барои баргузории ҷаласаи солонаи AIIB дар соли 2023 изҳори сипос намуданд.

То имрӯз сандуқи сармоягузории AIIB дар Тоҷикистон аз ду тарҳ ба маблағи беш аз 85 миллион доллар иборат аст. Аввалин лоиҳаи 27,5- миллиондоллара оид ба беҳтарсозии роҳи мошингарди «Тоҷикистон-Узбекистон» буд, ки инфрасохтори муҳимро таъмин намуда, робитаи минтақавиро пеш мебарад. Лоиҳаи дуюм маблағгузорӣ ба миқдори 60 миллион доллар барои марҳилаи аввали барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» аст.

Қобили тазаккур аст, ки Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ муассисаи байналмилалии молиявӣ буда, рисолати он маблағгузорӣ ба «Инфрасохтори фардо» аст, ки ба рушди устувор асос ёфтааст. Бонк фаъолияти худро моҳи январи соли 2016 дар Пекин оғоз намудааст. Он имрӯз дар саросари ҷаҳон 106 аъзо дорад. Сармоягузории бонк 100 миллиард долларро ташкил медиҳад. Бонк дорои рейтинги Triple-A- бузургтарин агентиҳои рейтингии кредитии байналмилалӣ мебошад. Ҳамкорӣ бо шарикони AIIB эҳтиёҷоти муштариёнро тавассути кушодани сармояи нав ва сармоягузорӣ ба инфрасохтори «сабз», ки бо технология фаъол аст ва ба пайвастагии минтақавӣ мусоидат менамояд, қонеъ мегардонад.

1 июл лоиҳаҳои AIIB ба уҳдадории аввалини корпоративии худ ноил шуда, ҳоло ба Созишномаи Париж оид ба иқлим мувофиқат менамоянд.

АКС: Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ

Октябрь 3, 2023 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе Ҷаласаи 11-уми минтақавии Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ баргузор гардид
«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Ҷоизаи миллии соҳаи алоқа доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди оби Душанбе иштирок менамояд
Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3800 то 9.3738 сомонӣ муқаррар шудааст
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Амрико мунтазам афзоиш меёбад
Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон дохил шуд
«Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкории молиявии дуҷонибаро густариш медиҳад
11 май Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ расман ифтитоҳ мегардад