«СИМО ВА РАНГ». Дар Самарқанд намоиши асарҳои бадеии рассомони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мешавад

Октябрь 4, 2023 09:30

ДУШАНБЕ, 04.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон намоиши асарҳои бадеии гурӯҳи рассомони Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти унвони «Симо ва ранг» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳомидова хабар дод.

 Намоиши асарҳо бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Иттифоқи эҷодии  рассомони Узбекистон баргузор шуда, дар он асарҳои рассомони тоҷик Илёс Мамадҷонов, Далер Миҳтоҷев, Баҳром Исматов ва аз ҷониби Узбекистон Нуриддин Исоев ва Аҳмад Исоев  ба намоиш гузошта мешаванд.

Намоиш дар доираи амалӣ намудани муносибатҳои фарҳангии ду ҷумҳурии дӯсту бародар пешбинӣ шудааст.

АКС: Иттифоқи рассомони Тоҷикистон

Октябрь 4, 2023 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд