Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 10 октябри соли 2023 дар шаҳри Шушаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷаласаи 27-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмон ибрози назар намуда, аҳамияти тавсеаи минбаъдаи ҳамгироии иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаҳои инфрасохтор, энергетика, нақлиёт, саноат ва ғайра таъкид намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа вазирон баёнияи Шуша ва якчанд қарори марбут ба фаъолияти Созмони ҳамкории иқтисодиро қабул намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст






