ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, шанбе , 294-умин рӯзи соли 2023 аст

Октябрь 21, 2023 08:00

21 октябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид  Кофи Аннонро дар Душанбе ба ҳузур пазируфтанд.

 ***

21 октябри соли 2009 дар Душанбе намояндагии Бонки Авруосиёии Рушд ифтитоҳ гардид.

 ***

Соли 2014 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дипломи озмуни VII байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё- «Шаҳре, ки он ҷо зистан маъқул аст», сарфароз гардид.

***

21 октябри соли 2015 дар чойхонаи миллии Қасри таърихии Арбоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

***

21 октябри соли 2015 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Шамоил. Асрҳои Х1Х-ХХ. Сухан ва тасвир» оғоз гардида, 20 ноябр ба анҷом расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ шуд.

***

21 октябри соли 2016 дар Қасри миллат дар мулоқоти Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлют Човушоғлу масоили вақт ва дурнамои ҳамкории ду давлат ва дигар мавзуъҳои муҳим баррасӣ шуданд.

***

21 октябри соли 2020 ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.

***

21 октябри соли 2021  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.

***

21 октябри соли 2022 дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» якумин «Конгресси байналмилалии тиббии давлатҳои Авруосиё» бахшида ба масъалаҳои афзалиятноки соҳаҳои ҷарроҳӣ, гастроэнтерология, мадҳушкунӣ-эҳёгардонӣ, радиология, бемориҳои занона ва дил баргузор гардид.

21 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Амрико — Рӯзи ширинӣ.

 ***

Дар Британияи Кабир —  Рӯзи себ

Октябрь 21, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, шанбе, 311-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, ҷумъа, 310-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, панҷшанбе, 309-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, чоршанбе, 308-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, сешанбе, 307-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, душанбе, 306-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, якшанбе, 305-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, шанбе, 304 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, ҷумъа, 303-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, панҷшанбе, 302 — юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, чоршанбе, 301 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст