«ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН». Дар Душанбе Намоиш-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳо доир мегардад

Октябрь 22, 2023 13:58

ДУШАНБЕ, 22.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 4 ноябр дар доираи лоиҳаи  «Тамғаи  писандидаи Тоҷикистон» намоиш-фурӯши маҳсулоти  хӯрокворӣ, молҳо барои хона  ва  хизматрасонии гуногун баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Намоиш-фурӯш дар Маҷмааи «Кохи Борбад» доир гардида, дар он корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳои хизматрасону савдо аз шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Дар намоишгоҳ корхонаҳои сохтмонӣ, шабакаҳои нуқтаҳои алоқа, савдо, муассисаҳои хизматгузор ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ намунаи дастовардҳои хешро ба намоиш мегузоранд.

Онҳое, ки ба ин намоиш-фурӯш меоянд, имконият доранд маҳсулоти писандидаашро бо нархи мувофиқ дастрас намоянд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2023 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд