Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2023» оид ба гӯштини ҷудо 7 варзишгар муаррифӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 17.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 октябр дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи Тоскулоҳи бузург («Abu Dhabi Grand Slam 2023») оид ба гӯштини ҷудо баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) байни 453 варзишгар (285 мард ва 168 зан) аз 80 давлати ҷаҳон доир мешаванд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 7 варзишгари шинохта: Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Меҳрзод Суфиев, ҳарду дар вазни то 60 кг, Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кг ва Эмомризо Анварзода дар вазни то 100 кг намояндагӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизаҳои мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam-2023» 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, ба барандагони медали нуқра 3000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 1500 евро тақдим мегардад.
Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар намудани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби хол мешаванд. Барандагони медали тилло соҳиби 1000 хол, барандагони медали нуқра соҳиби 700 хол ва барандагони медали биринҷӣ соҳиби 500 хол мегарданд.
Қобили тазаккур аст, ки паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов соли гузашта медали биринҷии Мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2022» оид ба гӯштини ҷудоро ба даст оварда буд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад






