Ворид шудани ёдгории Тали Хамтӯда ба феҳристи ЮНЕСКО дар самти ҳифз, ҳимоят ва ташвиқи мероси таърихии Тоҷикистон боз як қадами мустаҳкам аст

Октябрь 22, 2023 15:41

ДУШАНБЕ, 22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 17 сентябри соли равон зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ нуҳ ёдгории фарҳангии «Зарафшон-Қароқум»: Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтӯда, низоми обёрии Тоқсанкорез ва Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд.

Ходими илмии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Абдураҳмон Пӯлотов вобаста ба ҳифзу муҳимияти яке аз ин ёдгориҳо- ёдгории Тали Хамтӯда ба АМИТ «Ховар» чунин гуфт:

— Ёдгорӣ бо номи қалъачаи Тали Хамтӯда, ки ба асрҳои II-I то милод ва асрҳои I-III ва ҳатто то асри V милодӣ рост меояд, дар доманаи қаторкӯҳи Зарафшон, километри 32-юми ҷанубу шарқи шаҳри Панҷакент, дар якҷояшавии маҷроҳои сойҳои Мазор ва Оби Сара ҷойгир шудааст.

Ёдгорӣ соли 1985 аз ҷониби Абдуллоҷон Исоқов кашф гардида, дар ҳамон замон дар ёдгорӣ хандақи таҳқиқотӣ гузошта шуд. Дар натиҷаи ҳафриёти солҳои 1989 ва 1990-1991, ки аз ҷониби бостоншинос Шарофиддин Қурбонов гузаронида мешуд, ёдгорӣ қариб пурра мавриди таҳқиқ фаро гирифта шуд. Дар кори ин ҳафриёт донишҷӯёни факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) иштирок намуда буданд. Инчунин бо кори ҳафриёт гурӯҳи бостоншиносон аз Эрмитажи давлатии шаҳри Санкт-Петербурги Русия шинос шуда, меъмории ин ёдгориро сабт намуданд, ки дар натиҷа дар асоси он шарқшинос Борис Илич Маршак тарҳи меъмории онро бозсозӣ намуд.

Бинои марказии Тали Хамтӯда қариб ба таври пурра аз зери хок озод шуда, дар ошёнаи якум маҷмааи 8 ҳуҷраи алоҳида ва дар ошёнаи дуюм бурҷҳои алоҳида кушода шудаанд, ки тариқи баромадгоҳи махсус ба онҳо дастрасӣ доштанд. Инчунин тиркашҳо дар тамоми деворҳои қалъа пайдо гардиданд, ки ин аз қалъаи муҳофизатӣ будани ин ёдгорӣ шаҳодат медиҳад. Дар асоси маводи бадастомада, бахусус сафолҳо, қисмати марказии қалъа ба асрҳои I-IV милодӣ рост меояд. Дар натиҷаи ин ҳафриёт маълум шуд, ки иншооти истеҳкомшуда аз ду ошёна иборат буда, дар нақша тарҳи салибро доро мебошад.

Дар натиҷаи ҳафриёт дар ёдгории мазкур дар баъзе аз ҳуҷраҳо  якчанд қабрҳои ҷудогона ошкор шуданд. Шояд фавти ин ҷасадҳо ба замони охирҳои мавҷудияти худи қалъа рост меояд. Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки ёдгории мазкур якчанд давраи мавҷудиятро дар бар мегирад.

Натиҷаи ҳафриёт ва пажуҳиши ёдгории Тали Хамтӯда дар рисолаи номзадии Шарофиддин Қурбонов ва монографияи ӯ «Ёдгориҳои замони антиқаи болооби Зарафшон» соли 2014 ва дар дигар мақолаҳои алоҳида хуб дарҷ ёфтаанд.

Муҳимияти ёдгорӣ

Таҳқиқоти сафолотӣ ё худ санъати кулолгарии ёдгории Тали Хамтӯда аз лиҳози шакл, усули коркард, техникаи ороишӣ аз шабоҳат ва ҳамзамонии онҳо бо маводи дигар ёдгориҳои замони антиқаи Суғди бостон (Тали Барзу, Афросиёб, қабристонҳои атрофи Бухоро,  ёдгориҳои Қашқадарё, Ёрқурғон ва ғайра) дарак медиҳад. Ҳамчунин баъзе хусусияти шабеҳи сафолини манотиқи таърихию фарҳангии ҳамсоя – Бохтар ва Чочаро дидан мумкин аст. Дар зарфҳои сафолии Тали Хамтӯда баъзе унсурҳои хосро низ  мушоҳида намудан мумкин аст. Махсусан зарфҳое, ки сатҳи пайдоишашон бо қабати ҷасадҳои пайдошуда мусовӣ ҳастанд, ҷолиби диққат мебошанд. Бояд гӯем, ки вижагиҳои ҳунари кулолгарӣ воқеан маҳаллӣ буда, хусусияти хоси меъмории ёдгорӣ, ки дар ҳеҷ ҷо шабоҳати мукаммалро пайдо намекунанд, аз нодирияти ин ёдгорӣ дарак медиҳад.

Бешубҳа, баъзе аз зарфҳои сафолӣ мутааллиқ ба асри V милод ва баъзе аз онҳо, қадимтар аз онҳо- ба асрҳои I-III милодӣ рост меоянд, ки ин ҳам аз давраҳои мухталифи будубоши инсонҳо дар ёдгорӣ дарак медиҳад.

Ҳамин тариқ, аҳамияти ҳафриёт дар Тали Хамтӯда дар он аст, ки мо имкони таҳқиқи мавзееро пайдо намудем, ки таъсири мутақобилаи фарҳанги хеле рушднамудаи даштҳои Суғд аз як ҷониб  ва аз ҷониби дигар фарҳанги моддии навоҳии кӯҳистонии Суғдро дар асрҳои I-IV милодӣ инъикос менамояд. Дигар вижагии ин ёдгорӣ дар он инъикос меёбад, ки ҳафриёт дар он равшан нишон медиҳад, ки фарҳанги охирин зери таъсири фарҳанги аввал қарор гирифта, усулҳои ҳунари маҳаллӣ дар замони мавҷудият хуб ҳифз шудааст. Ба бостоншиносони тоҷик муяссар шудааст, ки дар кӯҳҳои наздикии водии Зарафшон ёдгориҳои анъанаҳои Шарқи Қадим (Медиа)-ро бо тарҳи салибшакл, ки тӯли асрҳо нигоҳ дошта шудаанд, аз зери хок озод намуда, мавриди пажуҳиш қарор диҳанд.

Масоили ҳифз ва истифодаи ёдгорӣ

Қалъаи Тали Хамтӯда мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ дорад. Ёдгорӣ дар байни маҷрои сойи Мазор ва сойи Оби Сара ҷойгир шудааст. Дар оянда ин Тали Хамтӯдаро метавон ҳамчун намоишгоҳи сайёҳӣ, аз қабили иншооти истеҳкоми деҳот омода намуд, зеро он мустақиман дар масири зиёратчиён ба оромгоҳи Муҳаммад Башоро, ки чанд километр дуртар аз қалъа воқеъ аст, ҷойгир шудааст. Ҳамчунин дар шафати шимолу ғарбии он- дар маҷрои чапи Сойи Мазор ёдгории дигари бостоншиносӣ: Қӯрғони Қаландар ҷойгир аст. Якҷоя ин се ёдгорӣ як маҷмаи бостоншиносӣ ва меъмориро ташкил дода, барои ташкили саёҳати фарҳангӣ заминаи муфид фароҳам меоранд. Ҳамасола ёдгории Меъмории Мақбараи Муҳаммади Башороро сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ тамошо менамоянд, аммо то кунун на ҳама меҳмонон аз мавҷудияти як ёдгории беназири дигар, чун Тали Хамтӯда иттилоъ доранд.

Имрӯз шароит фароҳам омадааст, ки тариқи воситаҳои ахбори омма аз мавҷудияти чунин ёдгориҳо ба ҳаводорони таъриху фарҳанги аҷдодӣ иттилооти бештар расонида шавад. Худи ёдгории Тали Хамтӯда бояд ба хатсайри сайёҳии фарҳангӣ ворид  шавад, то ин амал ба рушти соҳаи сайёҳии мамлакат мусоидат намояд.  Ворид шудани ин ёдгорӣ ба қатори дигар ёдгориҳои Долони Зарафшон-Қароқум ба феҳристи ёдгориҳои умумибашарии ЮНЕСКО дар самти ҳифз, ҳимоят ва ташвиқи мероси таърихии мамлакат метавонад боз як қадами мустаҳкам гардад.

АКС: Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2023 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Мониторинги радиатсионии дараи Уреҷи кӯҳҳои Фон мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд
Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон дар доираи таҳқиқи арзишманд муаррифӣ гардид
28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид