35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Чорбоғи шаҳри Панҷакент бинои беморхонаи минтақавӣ сохта мешаванд

Ноябрь 26, 2023 10:25

ДУШАНБЕ, 26.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёди  якчанд иншооти таъиноти гуногун идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилоят дар деҳаи Чорбоғ бо ҷараёни сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавӣ шинос гардида, бо сокинон суҳбат намуд. Бо назардошти талаботи замони муосир ва фарсуда гаштани бинои кӯҳнаи беморхона соли равон бунёди бинои нави муассиса оғоз ёфта, то ин марҳила корҳои асосӣ анҷом ёфтаанд.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 24 ҳуҷра мебошад. Дар ин беморхона шуъбаҳои таваллуд, амрози дарунӣ ва бачагона ба мардум хизмат мерасонанд. Дар айни замон корҳои пардозгарӣ ва рангубор ҷараён дошта, беморхонаи навбунёд бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин мешавад.

Дар деҳоти Чорбоғ ​ 7,5 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебаранд ва фароҳам сохтани чунин шароити замонавӣ боиси руҳбаландии аҳли деҳа гардидааст. Бо ифтихори баланди ватадӯстиву меҳанпарастӣ сокинон дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми босазо мегузоранд.​

Дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ роҳбари вилоят бо корҳои сохтмонии  биноҳои нави истиқоматӣ ва маркази савдову хизматрасонӣ шинос шуд. Бинои баландошёна аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Шавкат Бобозода бунёд ёфта, аз 9 ошёна иборат аст ва дорои 64 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошад.​

Мувофиқи лоиҳа, дар ошёнаи якуми бино маркази дандонпизишкӣ, тарабхона, коргоҳи истеҳсоли пойафзол, сехи қаннодӣ ва маркази савдову хизматрасонӣ ҷой дода мешавад. Иншоот    ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта, баробари ба истифода додани он 70 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.

Дар хиёбони ба номи А.Рӯдакӣ роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент шинос гардид.

Иншоот аз се ошёна ва таҳхона ​иборат буда, дорои утоқҳои барҳавои корӣ, ​ маҷлисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

То кунун дар аксар шаҳру навоҳии вилоят бинои шаҳрии ҳизб бунёд гардида, шароити арзанда барои кормандон муҳайё гардидааст.​

Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилоят бо лоиҳаи таъмиру таҷдид ва навсозии роҳи  мошингарди кӯчаи Абулқосим Фирдавсӣ шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки кӯчаҳои ба номи Даврон Бобораҷабов, А.Фирдавсӣ ва Деваштич ба масофаи наздик 3 км пурра таҷдиду навсозӣ мешаванд. Дар доираи корҳои роҳсозӣ ​ чароғон ва сафолакпӯш намудани роҳҳои пиёдагарди ин кӯчаҳо низ анҷом дода хоҳад шуд. Ҳамзамон тамоми қубурҳои обгузар иваз мегарданд.​

Дар кӯчаи ба номи Борбади Марвазии шаҳр роҳбари вилоят бо мавзеи сохтмон ва лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсолии соҳибкор Раҳмонқул Каримов шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ аз тарафи ҶСК «Даврон» коргоҳи истеҳсоли пойафзол бунёд меёбад. Иқдом дар доираи саноаткунонии босуръати мамлакат амалӣ гардида, ҳадаф рушди соҳа ва ба шуғл ҷалб намудани шаҳрвандон мебошад.​

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 26, 2023 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд