35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Маркази ёрии таъҷилӣ бунёд мегардад

Ноябрь 25, 2023 14:58

РӮДАКӢ, 25.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони бинову иншооти ҷашнӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дошта, дар Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ба сохтмони Маркази ёрии таъҷилӣ санги асос гузошта шуд. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Иншоот бо маблағи зиёда аз 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии «Шаҳриёр-К» бунёд мешавад. Бино аз ду ошёна иборат буда, баъди ба истифода додан бо тамоми таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз мегардад.

Пас аз  гузоштани санги асос раиси ноҳия бо кормандони соҳаи тиб ва сохтмончиёни иншоот суҳбат ороста, бунёди бинои замонавиро самараи истиқлоли мамлакат ва дастгириву таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ номида,  аз сохтмончиён ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмониро талаб намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ  

Ноябрь 25, 2023 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад