35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 216 иншоот бунёд ва навсозӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бунёд ва навсозии 216 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус муовини Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Шифо Ҷумъазода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Аз ҷумла, бунёд ва навсозии 17 муассисаи таълимӣ бо синфхонаҳои иловагӣ, 11 иншоот дар соҳаи фарҳанги ноҳия, 3 иншооти шабакаҳои барқӣ, 26 иншооти саноатӣ, 25 иншоот дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 6 иншоот дар соҳаи варзиш, 50 адад дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 2 кошонаи ҳусн, 4 иншооти маъмурӣ ва 41 бинову иншооти дигар дар назар аст.
Бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти наву замонавӣ қомат афрохта, ба ҳусни ноҳия таровати дигар бахшидаанд.
Аз шумораи иншооти нақшавӣ дар 57 иншоот аллакай корҳо пурра ба анҷом расидаанд, ки яке аз онҳо Маркази савдои «Шамс» ва дигарӣ Маркази тиҷорати «Гулдаст» мебошанд, ки дар маркази ноҳия қомат афрохта, аз ду ошёна иборат мебошанд. Дар 72 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо мароми баланд идома доранд.
Инчунин тибқи нақша, соли 2023 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба истифода додани 42 иншоот дар назар аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






