Ҳайати Тоҷикистон дар Нишасти 16-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар шаҳри Ашқобод Нишасти 16-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суханронӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон дидгоҳи мамлакатро роҷеъ ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар ҳошияи ин абзори муассир баён намуд.
Дар ҳошияи Форуми ҳамкорӣ шаш ҷаласаи тахассусӣ дар бахшҳои нақлиёт ва логистика, тандурустӣ ва тиб, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, илму маориф ва сайёҳӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардиданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба масоили мубрами рӯзномаи нишаст, рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд .
Дар фарҷоми ҷаласа Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ ва Нақшаи кори Котиботи Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” барои соли 2024 қабул гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






