Ҷаласаи умумии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи умумӣ бо иштироки зиёда аз 20 коршиноси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид, инчунин кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки имрӯзҳо Кумита барои беҳтар намудани фаъолияти экологии худ фаъолона кор мебарад ва баррасии натиҷагирии фаъолияти чоруми экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои назаррасро дар ин самт тасдиқ менамояд.
Тоҷикистон аввалин давлате аст, ки баррасии чоруми фаъолияти экологиро анҷом медиҳад. Шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист арзёбии пешрафти давлат дар соҳаи мувофиқаи вазифаҳои экологӣ, иқтисодӣ ва риояи уҳдадориҳои байналмилалии ҳифзи табиат мебошад.
Барномаи шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба давлатҳо дар беҳтар намудани идоракунии муҳити зист ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти экологӣ мусоидат менамояд; мубодилаи иттилоотро байни кишварҳо оид ба сиёсати экологӣ ва таҷрибаи татбиқи он ташвиқ менамояд; ба ҳамгироии сиёсати экологӣ ва сиёсати соҳавӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт мусоидат менамояд; масъулияти мақомоти давлатиро дар назди ҷомеа ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ташвиқ месозад.
Баррасии шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти рушди устувор ва ҳифзи муҳити зистро барои наслҳои оянда таъкид менамояд.
Тоҷикистон аз дастовардҳои худ дар соҳаи экологӣ ифтихор дорад ва талошҳои худро барои ба даст овардани муваффақияти боз ҳам бузургтар идома медиҳад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






