Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон густариш меёбад

Ноябрь 16, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо атрофи масоили ҳамкории дуҷонибаи давлатҳои дӯсту бародари Тоҷикистон ва Қазоқистон табодули назар намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Иброз гардид, ки аз замони амалӣ намудани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат равобити мутақобилан судманд дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию маданӣ устувор гардид.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти хориҷии мо мебошад. «Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳои мо мусоидат менамоянд, манфиатдор ҳастем», — афзуд мавсуф.

Дар мулоқот аз намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон, ки моҳи августи соли равон дар шаҳрҳои бузурги Қазоқистон  баргузор шуд ва дар он вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаато намояндагӣ дошт, ёдоварӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи мамлакат буда, дар он қариб чор миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ менамоянд. Вилоят ҳамеша бо маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҳо, харбузаву пиёз машҳур аст.

Дар вилоят ҳамасола зиёда аз 80 ҳазор тонна нахи пахта, 55 ҳазор пӯст аз чорвои калони шохдор ва чорвои майда, инчунин зиёда аз шаш ҳазор тонна пашм истеҳсол мешавад, ки қисми зиёди он ба хориҷи мамлакат содирот мешавад.

Раиси вилоят гуфт, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи коркарди ин ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар саноати сабук замина мегузорад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Қазоқистон табодули назар намуда, барои зиёд намудани ҳаҷми содироти пахта, маҳсулоти сабзавотию меваҷот ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Ноябрь 16, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард