Ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ бо ширкатҳои Қатар ва Арабистони Саудӣ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 20 ноябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «QTM-2023» оғоз шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Холматиён ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд. Намоишгоҳ 22 ноябр ба анҷом расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита хабар медиҳад.
Дар доираи намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Давҳа мулоқоти муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо намояндагони ширкати «Katara Hospitality»-ии давлати Қатар ва ширкати «Qasswa» -и Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бобати тақвият додани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба рушди сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони давлати Қатар ва Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табодули таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ гуфтушунид намуданд.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози сайёҳии кӯҳнавардӣ ва экологӣ дорои имконияти фарох буда, дили садҳо дӯстдорони ин намуди сайру саёҳатро тасхир намудааст.
Ҷониби ширкатҳои «Katara Hospitality» ва «Qasswa» омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар равандҳои мухталиф барои рушди сайёҳӣ ва манфиатҳои муштарак иброз намуданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи намоишгоҳ дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар тариқи рунамо имконияти сайёҳии мамлакат ба маърази тамошои меҳмонон гузошта шуд.
Дар рунамо маълумоти муфассал оид ба имконот, вазъият, рушди соҳаи сайёҳӣ ва заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди меҳмонон гардид.
Аз ҷониби ҳозирин вобаста ба муҳтавои рунамо ва соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор доир шуд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






