Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо бо тарбиятгирандагони «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 08.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо бо тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Иттилоъ дода шуд, ки «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, аз рӯйи иқтидори ғунҷоиш барои 550 нафар тарбиятгирандагон пешбинӣ гардидааст.
Дар айни ҳол дар ин муассисаи таълимӣ 512 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз шумораи умумии тарбиятгирандагон 27 нафар ятими кулл, 16 нафар бепарастор, 34 нафар бемодар ва 222 нафар бепадар буда, аз онҳо 52 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Инчунин 213 нафар аз оилаҳои камбизоат мебошанд.
Дар Мактаб-интернат 90 нафар омӯзгорону мураббиён бо маълумоти олӣ ва олии нопурраи касбӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 61 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Бинои таълимии муассиса бо ҳамаи шароити зарурӣ таъмин буда, дар се ошёнаи он 30 синфхонаи фаннӣ, 16 кабинети корӣ, 20 хобгоҳ барои писарон бо 360 кати хоб, 3 утоқи бозии кӯдакон, инчунин дар паҳлуи бинои таълимӣ хобгоҳ барои духтарон (барои 350 нафар), 2 майдончаи варзишӣ, 1 толори барҳавои варзишӣ, 2 толори маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ҷойгир шудааст.
Ёдовар мешавем, ки имрўз ҳамчунин дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо, ки нависандаи маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон, пажуҳишгари номвар ва омӯзгори муваффақ мебошад, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф овард.
Сипас вохӯрии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо меҳмони олиқадр доир шуд.
Хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо зимни суханронӣ аз рушди муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар самти омӯзишу таҳқиқ ва иҷрои пажуҳишҳои тоза ибрози андеша намуд. Зимнан гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои меҳварии пажуҳиши муосир масъалаи занон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа мебошад. Дар ин самт корҳои илию эҷодӣ анҷом додан талаботи замон мебошад.
Дар идомаи мулоқот китоби хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо — «Санъати зиндагии занон» рӯнамоӣ гардид. Гуфта шуд, ки ин китоб тозанашр буда, дар он нақши занон дар ҷомеа ҳамаҷониба таҳлил гаштааст. Китоби «Санъати зиндагии занон» аз 8 боб иборат буда, мавзуъҳои мавқеи зан дар рушди давлат, зан – зебоӣ, зан — ободӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад.
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд






