Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ барномаи идона ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи пуршукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матуботи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода оид ба таърихи парчам, мафҳум, моҳият, мавқеи он дар давлату давлатдорӣ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму таблиғи ҳисси баланди худшиносӣ ва гиромидошти муқаддасоти миллӣ ибрози андеша намуд.
Таъкид шуд, ки мо, тоҷикон бояд ҳамеша Парчами миллии хешро, ки муқаддас ва баёнгари ормонҳои миллиамон мебошад, ҳифз намоем. Зеро як хусусияти муҳимтарини Парчам ба ҳам овардани мардум, даъват ба муттаҳидӣ ва рамзи соҳибистиқлолии мамлакат аст.
Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамеша барафрошта ва давлату миллатамон то абад зиндаю поянда бошад!
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






