Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ

Ноябрь 9, 2023 18:32

ДУШАНБЕ, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Таъкид менамоям, ки воситаҳои ахбори омма набояд аз ваколатҳои касбии худ суиистифода намоянд. Онҳо набояд ба тамоюли низоъангезиву тафриқаандозӣ, сарфи назар намудан аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, таҳқиру туҳмати шахсиятҳои хизматкарда, тарғиби фаҳш ва дигар кирдорҳои ношоиста роҳ диҳанд. Онҳо бояд аз чоп ва пахши маводе худдорӣ намоянд, ки ба нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонида, боиси руҳафтодагӣ ва навмедии мардум мегарданд ва вазъи ҷомеаро ноором месозанд».

Эмомалӣ Раҳмон, марти соли 2012 

Давоми ҳафтаи равон нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Народная газета», «Халқ овози» «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Мароми пойтахт» ва дигар воситаҳои ахбори оммаи чопӣ аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сафарҳои корӣ ва мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои қабулнамудаи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ, фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, тадбирҳои амалии Ҳукумати мамлакат дар бахшҳои гуногуни хоҷагии мамлакат хабару гузоришҳо ва мақолаҳои таҳлиливу муаллифӣ ба нашр расониданд.

Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 7 ноябри соли 2023 мақолаи Прокурори генералии мамлакат, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмонро бо сарлавҳаи «Нақш ва аҳамияти Конститутсия дар ташаккули қонунгузории Тоҷикистон»  чоп намудааст. Муаллиф дар муқаддима навиштааст, ки роҳи рушду тараққиёти ҳар давлату миллатро конститутсияи он, ки халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст, муқаррар менамояд. Халқи тоҷикро низ бахту саодати бузурге насиб будааст, ки соҳиби давлати соҳибистиқлол ва конститутсияи сазовор мебошад.  Ҳамчун қонуни олии давлат, Конститутсия масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд. Ин масъалаҳо, дар навбати худ, асоси муносибатҳои бунёдии ҷомеаро ташкил дода, талаб менамоянд, ки меъёрҳои Конститутсия қувваи олии ҳуқуқӣ ва амали мустақим дошта бошанд. Ин аст, ки тибқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд.  Қонунҳо  ва  дигар  санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Дар идома муаллиф оид ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ баҳо дода, изҳор доштааст, ки дар  раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ зарурати ба Конститутсия ворид намудани тағйирот ва ба он илова намудани меъёрҳои нави  ҷавобгӯ  ба  муносибатҳои  нави ҷамъиятӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба: 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шудаанд. Ин тағйиру иловаҳо, дар маҷмуъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам мукаммал гардонида, ҷомеаи Тоҷикистонро ба марҳалаҳои навбатии инкишофи худ роҳнамоӣ намуданд.

Дар робита ба илова шудани қисми 5 ба моддаи 65 Конститутсия муаллиф навиштааст: «Тағйироти дигари ба Конститутсия воридшуда, ки аз ҷониби мардуми Тоҷикистон якдилона дастгирӣ ёфт, ин ба моддаи 65 Конститутсия илова намудани қисми панҷум мебошад, ки тибқи он, маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида дар хусуси он ки як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Баъдан, дар асоси ин тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, 14 ноябри соли 2016 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид, ки тибқи моддаи 2-и он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир намудаанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф мешаванд. Дар ин моддаи Қонуни конститутсионӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихӣ  шинохта шуда, саҳми беназир ва нақши арзандаашон ҳамчун Сарвари давлат дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дарҷ гардидааст. Ҳамчунин дар он хизматҳои бузурги тақдирсозашон баҳри аз парокандагӣ наҷот додани миллат, аз нестшавӣ нигоҳ доштани давлат ва аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намудани халқ ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон саҳм гузоштан таҷассуми қонунии худро ёфтаанд».

Муаллифи мақола тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшударо, ки дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ комилу муфассал шарҳ додааст, ки дар натиҷаи ин ислоҳоти конститутсионӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 55 тағийроту иловаҳо ворид  ва муқаррароти интиқолӣ қабул шуд. Мусаллам аст, ки инкишофу пешрафти ҷомеа, хусусан давлатҳои рушдёбанда талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ таҳким ёфта, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ беҳтар шуда, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор ва мустаҳкам шавад. Рушди устувору босуботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон низ ин талаботро тақозо намуда, барои боз ҳам такмил додани меъёрҳои Конститутсия замина фароҳам овард.

Бинобар ин, аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар асоси моддаи 99 Конститутсияи ҷумҳурӣ, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод гардид, ки бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2016 онҳоро ба Конститутсия мутобиқ донистанд. Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз 10 феврали соли 2016 ин лоиҳа тасдиқ ва ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод шуд. 22 майи соли 2016 раъйпурсии умумихалқӣ баргузор ва тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда қабул гардиданд.
Тибқи ин тағйиру иловаҳо, аз ном ва матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «Сарқонун», ки дар қавсайн буд, хориҷ гашт, зеро мафҳуми «конститутсия» вожаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ буда, ба ҳама фаҳмо мебошад.

Инчунин ба моддаи 1 Конститутсия қисми 2, илова шуд, ки мувофиқи он, шакли идораи Тоҷикистон президентӣ мебошад. Меъёри мазкур воқеияти сиёсии Тоҷикистонро, ки ҷумҳурии президентӣ мебошад ва Президент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад, ифода намуда, мазмуни конститутсияро комил гардонд. Ё ин ки қисми шашуми моддаи 8 Конститутсия дар таҳрири нав қабул гардид, ки тибқи он, дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои дорои хусусияти миллӣ ва динӣ, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.

Таъсиси  ҳизби сиёсии дорои хусусияти динӣ бо истифода аз дин ва эътиқоди динии шахс боиси ба сиёсат омехта намудани дин мегардад. Бинобар ин, давлатҳое, ки дар онҳо таъсири дин зиёд аст, ташкили ҳизбҳои сиёсиро вобаста ба дин дар конститутсияҳои худ манъ намудаанд.

Вобаста ба мавзуи таъсиси ҳизби сиёсии дорои хусусияти динӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси далелҳои раднашаванда ва воқеӣ возеҳу комилан дуруст изҳор намудааст, ки
«Тоҷикистон таҷрибаи талхи фаъолияти чунин ҳизбҳои дорои хусусияти диниро дар ҷумҳурӣ дар мисоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом, ки бо суиистифода аз эътиқоди динии шаҳрвандон мақсадҳои ҷинояткоронаи худро пардапӯшона амалӣ намуданӣ шуда, соли 1992 Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашид ва то ҳол аз амалҳои тахрибкоронаи худ бар зидди давлату миллати тоҷик даст накашидааст, мустақиман аз сар гузаронд. Аз ин лиҳоз, тағйиру иловаҳои мазкурро ба Конститутсия раъйдиҳандагон якдилона пазируфта, фаъолияти чунин ҳизбҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ дар мамлакат манъ шуд. То ин вақт, ҳанӯз моҳи сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, манъ намудани фаъолияти он дар мамлакат, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ намудани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди мамлакат қонеъ шуда буд».

Воқеан ҳам ҳадафи ягонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки парвардаи хоҷагони хориҷӣ мебошад, шикасти тафаккури миллии мардуми мамлакат, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабиву ғайримиллӣ намудани мардуми тоҷик мебошад. Ҳамин тавр, вақт бори дигар собит сохт, ки ин қарорҳо сари вақт ва дуруст қабул шуданд.

Бояд гуфт, ки бо  қарори  Шурои  минтақавии сохтори  зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай, ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз 21 январи соли 2016 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай манъ аст, дохил гашт. Инчунин тибқи қарори Кумитаи котибони шуроҳои амниятии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 8 июни соли 2016, ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ба рӯйхати ташкилоте, ки дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, таҳти № 65 ворид гардид. Ғайр аз ин, Суди Олии Федератсияи Русия 14 сентябри соли 2022 аризаи Прокурори генералии Федератсияи Русияро қонеъ намуда, Ҳизби наҳзати исломро ташкилоти террористӣ-экстремистӣ  эълом дошт ва фаъолияти онро дар ҳудуди Федератсияи Русия манъ намуд.

Дар хотимаи мақолаи таҳлилии Юсуф Раҳмон оид ба нақши Конститутсия дар ташаккули қонунгузории мамлакат, ҳамаи тағйироту иловаҳои воридшуда ба Конститутсия ҳамчун баёнгари низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баҳо гузошта шудааст.

Муаллиф баъд аз баёни таърихи таҳия ва қабул шудани Конститутсия, зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он, шарҳу тавзеҳи муҳимтарин бобҳо ва моддаҳои он даъват намудааст, ки ҳар шаҳрванди мамлакат Конститутсияро ҳамчун рукни муқаддаси миллӣ бояд эҳтиром ва риоя намояд, зеро ин заминаи асосии  таъмини волоияти қонун, кафолат ва шарти аввалиндараҷаи суботу оромӣ, рушди иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар хонадони мамлакат мебошад.

Зимнан, чунин мақолаи амиқи таҳлилӣ оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дорои аҳамияти хоси ҳуқуқӣ ва илмӣ будан ҳамчунин дастури хуби оммавӣ барои тарбияи  ватандӯстии шаҳрвандон мебошад.

А. САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»

Ноябрь 9, 2023 18:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок доранд
Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад