БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ. Дар Душанбе Форуми нуҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор гардид

Ноябрь 3, 2023 17:04

ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати адлияи мамлакат Форуми нуҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор гардид, — хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллӣ — макони баргузории ҳамоиш.

Дар форум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, коршиносони мустақил, ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд ва ҳамчунин меҳмонон аз Русия таҳти роҳбарии вазири адлияи Федератсияи Русия Константин Чуйченко иштирок доштанд.

Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун шуруъ аз соли 2015 ҳамасола баргузор мегардад. Бояд гуфт, ки он майдони муколама байни ҳуқуқшиносон, олимони соҳаи ҳуқуқ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа барои муайян намудани афзалият ва таҳияи пешниҳодот барои мусоидат намудан ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо намудан ба адолати судӣ дар ҷумҳурӣ дониста мешавад.


Ҳамчунин ҳадафи баргузории Форуми миллӣ муайян намудани мушкилот ва душвориҳое, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод менамоянд, ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод, таҳияи тавсияҳои мушаххас бо мақсади таҳкими волоияти қонун ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун тавзеҳ дода шуд.

Дар форуми имрӯза масъалаҳои рушди қонунгузории маданӣ дар мамлакат (мушкилот ва дурнамо), ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ва ҳадафи 16-ми Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар натиҷаи мубоҳиса ва муҳокимарониҳо дар фарҷоми ҳамоиш тавияҳо қабул гардиданд, ки ба мақомоти дахлдор барои баррасӣ ва корбарӣ ирсол мешаванд.

А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 3, 2023 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд