Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСЕЪ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчаҳои маркази ноҳияи Восеъ, деҳаву маҳаллаҳо ва назди ташкилоту корхонаҳо бо шиору овезаҳо оро дода шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ иброз гардид, ки «Парчам ифодагари иттиҳоди халқу миллатҳо буда,онҳоро ба ҳам қарину дӯст ва ҳамдилу ҳамроз менамояд. Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ҳамчун иди миллӣ 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯз мардуми шарифи мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ин ҷашни нави миллӣ ва давлатӣ табрик намуда, иброз намуданд, ки Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории мо, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Бешак, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол рамзи бахту саодат, сарсабзиву хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон мебошад.
Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «рамзҳои давлатии Тоҷикистон-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд».
Парчами давлатӣ тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ба ваҳдати миллӣ ва ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Дар фарҷом аҳли ҳунару фарҳанги ноҳия барномаи рангини суруду таронаҳои ватандӯстонаро манзури иштирокдорону меҳмонон гардониданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






