Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид

Ноябрь 30, 2023 15:23

ДУШАНБЕ, 30.11.23 /АМИТ «Ховар»/. Дар як биное, ки дар Алмаато (Қазоқистон) ба меҳмонхона табдил дода шудааст, сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа 13 нафар ҳалок шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Казинформ» хабар медиҳад, дар ин хусус маркази матбуоти раёсати ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр иттилоъ додааст.

30 ноябр, соати 05:33 дар бораи сӯхтор дар кӯчаи Адӣ Шарипови шаҳри Алмаато хабар расид. Аввалин ҳайати оташнишонӣ дар 7 дақиқа ба ҷои ҳодиса расид. Ҳангоми расидани ҳайат  таҳхонаи як бинои сеошёна, ки ошёнаи якум ва таҳхонааш ба меҳмонхона табдил ёфта буданд, месӯхт. Масоҳати умумии сӯхтор тахминан 30 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Маркази матбуоти Раёсати тандурустии ҷамъиятии Алмато хабар додааст, ки ду зарардида ба беморхонаи ёрии таъҷилӣ интиқол дода шудаанд. Тибқи маълумоти охирин, дар меҳмонхона дар умум 72 нафар ҷойгир буда, 59 нафар мустақилона тахлия шудаанд. Дар ҷои ҳодиса 46 нафар ва 13 техникаи департаменти ёрии таъҷилӣ кор менамоянд. Сабабҳои ҳодиса муайян мешаванд.

АКС: «Kazinform»

Ноябрь 30, 2023 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад