Барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар субъектҳои соҳаи сайёҳӣ машғулият баргузор шуд

Ноябрь 14, 2023 10:07

ДУШАНБЕ, 14.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи байналмилаии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони   дорои дараҷаи баланди тахассусӣ оид ба соҳаи хизматрасонӣ ва тарабхонадорӣ аз Ҷумҳурии Туркия даври омӯзишӣ оғоз шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Машғулият бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани касбияти масъулини нуқтаҳои хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сайёҳон, дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи тарабхонадорони Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026» ва лоиҳаи «Тарбияву таълими ҷавонон ва бокортаъминкунии онҳо» ташкил гардид.

Машғулият то 18 ноябр дар донишгоҳ баргузор шуда,  довталабон баъд аз анҷоми он бо сертификат сарфароз гардонида мешаванд. Аз рӯи нақша, дар даврҳои омӯзишӣ 557 нафар кормандони тарабхона, ошхона ва қаҳвахонаҳои мамлакат, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе 427 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва инчунин аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 130 нафар иштирок намуда, ба онҳо 4 ихтисос, аз ҷумла «Хизматрасонӣ дар тарабхона», «Азхудкунии касби Бариста», «Азхудкунии гастрономия ва пухтупаз» ва «Идоракунии тарабхона» омӯзонида мешаванд.

Кумита ҷиҳати баргузории машғулият ва баланд бардоштани хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо истифодаи таҷрибаи пухтупаз, хизматрасонӣ ва тарабхонадории Ҷумҳурии Туркияро ба мақсад мувофиқ шуморида, 4 нафар ровиёни дорои дараҷаи баланди тахассусӣ оид ба соҳаи хизматрасонӣ ва тарабхонадориро аз Ҷумҳурии Туркия даъват намуд.

​         Баргузор намудани чунин машғулияти кӯтоҳмуддат дар рушди соҳаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ва баланд бардоштани касбияту малакаи кории кормандони субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ саҳми муносиб гузошта, ба ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2023 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд