Барои донишҷӯёни шуъбаи иқтисод ва идоракунии сайёҳии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дарсҳои амалии саҳроӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 29.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев баҳри тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи сайёҳӣ барои донишҷӯёни шуъбаи иқтисод ва идоракунии сайёҳӣ дар Дирумкӯли ноҳияи Роштқалъа аз фанни «Туризми кӯҳӣ» дарсҳои амалӣ ташкил намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки муҳимтарин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешрафт ва тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ эълон намудани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва қабули Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошанд.
Самти муносиби рушди соҳаи туризми устувор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- ин ноҳияи Роштқалъа ба ҳисоб меравад, чунки захираҳои табиӣ ва табиати нотакрори он имрӯз диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Яке аз захираҳои табиии ноҳияи Роштқалъа кӯли зебоманзари Дирумкӯл аст, ки дар байни кӯҳҳо ҷойгир шудааст.
Мавзеи Дирумкӯл дар нишебии ҷанубии кӯҳҳои Шуғнон, дар баландии 3 335 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, масоҳати кӯл 1,96 км 2, дарозиаш 3,15 км, паҳноии миёна 0,62 км ва ҷуқурии максималии кӯл 75,9 метрро ташкил медиҳад.
Таҷрибаомӯзӣ дар ноҳияи Роштқалъа имконияти муҳим дар таҳкими дониши донишҷӯён ва дар амал татбиқ намудани дониши назариявии онҳо мебошад.
Асоси табиатро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва барои илми ҷаҳонӣ нуқтаи асосӣ ба ҳисоб мераванд. Дар 139 давлати ҷаҳон бештар кӯҳҳо вомехӯранд, ки тақрибан 24 фоизи рӯи заминро фаро мегиранд. Аз ин рӯ, ҳар сол туризми кӯҳнавардӣ дар ин экосистемаҳо ташкил мешавад, ки 15-20 фоизи миқдори бештари туризми ҷаҳониро ташкил медиҳанд. Ин раванд дар оянда метавонад боз як сифати навро дар илми туризм ба чашми оламиён боз намояд.
Бояд гуфт, ки гурӯҳи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Хоруғ боз ҳам бештар гузаронидани чунин дарсҳои амалии саҳроиро дар нақша дорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев








«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд






