БОЛ ЗАН, БО ХУД БУБАР МОРО БА ФАРДОИ МУРОД. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон майдонҳои Парчами давлатӣ мавҷуд ҳастанд

Ноябрь 24, 2023 15:14

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Парчам шиносномаи ҳар давлат аст, ки аз рӯйи он мамлакатро ба расмият мешиносанд. Бо доштани Парчами давлатӣ мебояд ифтихор намуд ва нисбат ба он эҳтиром қоил буд. Имрӯз қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳо майдонҳое мавҷуд ҳастанд, ки сутунпояи парчам доранд ва дар онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон ҷилвагар аст. Дар Рӯзи Парчами давлатӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки чанд далели қобили таваҷҷуҳро роҷеъ ба ин мавзуъ пешниҳоди хонандагон намояд.

Парафшонии Парчами Тоҷикистон дар кайҳон ва Антарктида

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гӯшаҳои гуногуни Замин ва ҳатто ба кайҳон «сафар» намудааст. Давоми солҳои Истиқлолияти Тоҷикистон Парчами давлатии мамлакати мо борҳо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд барафрохта шудааст. Он дар баландтарин қуллаҳои кӯҳҳои Помир, дар баландтарин нуқтаи Антарктида (қуллаи Винсон, 4892 м) ва тақрибан 7 моҳ дар кайҳон парафшон буд.

Чанд сол қабл ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дипломатҳои ҷумҳурӣ ба қуллаи кӯҳи Фудзиямаи Ҷопон баромаданд ва дар он ҷо Парчами давлатии Тоҷикистонро барафрохтанд. Инчунин тоҷикписари қирғизистонӣ Солиҷон Шарипов 23 январи соли 1998 ба кайҳон парвоз намуд ва бо худ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳ гирифт. Ин парчам муддати 193 рӯз дар кайҳон буд.

Тоҷикистон дар китоби «Рекордҳои Гиннес»

Парчами давлатии Тоҷикистон бори нахуст 30 августи соли 2011 дар паҳлуи чапи Қасри Миллат таҳти ҳамовозии Суруди миллии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Парлумону ҳукумати мамлакат ва сокинону меҳмонони бешумори пойтахт ба баландии рекордӣ – 165 метр (қаблан Ҷумҳурии Озарбойҷон бо доштани парчами 162-метра бо унвони баландтарин парчам дар ҷаҳон сабт шуда буд) бардошта шуд.

Баландии худи парчам 30 метр ва паҳноияш 60 метр мебошад. Пояи Парчами давлатӣ бо чунин баландӣ аз ҷониби бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмилалии «Трайдент Саппот» бунёд ёфтааст. Бояд гуфт, ки дар маросими ифтитоҳ намояндаи китоби «Рекордҳои Гиннес», ки милаи Парчами миллии Тоҷикистонро расман ҳамчун баландтарин флагштоки дунё сабт намуда буд, сертификат дар бораи баландтарин парчамро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.

Ҳоло Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Озарбойҷон аз зумраи давлатҳое мебошанд, ки дарозтарин парчамро дар ҷаҳон доро мебошанд. Парчами Арабистони Саудӣ (Ҷидда)-170 м, Ҷумҳурии Тоҷикистон- 165, Озарбойҷон-162, Кореяи Шимолӣ-160, Туркманистон-133, Урдун-130, Покистон-127, Амороти Муттаҳидаи Араб (Абузабӣ)-122, ИМА-122 метр баландӣ дорад.

Тафсири Парчам дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ

Дар таърихи тамаддун ва фарҳанги бою қадимии давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи ҷолибу тӯлонӣ дорад. Он дар осори хаттии қадимӣ, асотир, сарчашмаҳои таърихию адабӣ, достон, қиссаву ривоят, эҷодиёти шифоҳии мардум инъикос гардидааст. Дар он қиссаҳо парчам ҳамчун рамзи озодихоҳӣ, далериву шуҷоат васф мешавад.

Осори мутафаккирон, адибон, олимону муаррихон ба воситаи яке аз шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳонӣ «Шоҳнома» то ба насли имрӯз расидааст. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ тафсири олии парчаму парчамдорӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва пирӯзиҳои ворисони Фаридун қаламдод шудааст.

«Дирафши Ковиёнӣ» ё парчами Фаридун аз чарм сохта шуда, рангҳои сурх, зард ва бунафш дошт ва бо зар оро ёфта буд. Парчами аз тахти Ҷамшед ёфтшуда «Уқоби хуршед» ном дошт. Он минбаъд аз рамзи пирӯзӣ ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфт ва имрӯз ҳам чунин асолатро доро аст.

Интихоби парчам дар байни 200 лоиҳа

Чанд моҳ қабл аз санаи қабули Нишон ва Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон озмун эълон  шуд, ки он ба таври пӯшида мегузашт. Ба озмун беш аз 200 лоиҳа пешниҳод гардид, ки ҳар лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Лоиҳаҳои пешниҳодгардида ҳамагӣ матои серанга (матоъ бо се тасмаи ранга) буданд, ки ҳар ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд. Яъне ранги сурх — озодӣ, сафед — оромӣ, сабз — ободии давлат ва миллатро ифода менамуд.

Ниҳоят, Комиссияи давлатӣ бо интихоби лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатие, ки аз ҷониби З.Ҳабибуллоев, А. Заневский, Л. Додхудоева, Н.Игнатушина ва М.Сайдалиев пешниҳод шуда буд, ба кори худ нуқта гузошт. Шуруи ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод намуд ва танҳо 24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардиданд.

Дар бораи парчамҳои ҷаҳон

— Илме, ки ба омӯзиши парчам машғул аст, вексиллология номида мешавад.

— Дар бештари давлатҳои олам барои таҳқири парчам тибқи қонунгузорӣ ҷазо дода мешавад.

— Аз ҳама парчамҳои мавҷуда дар ҷаҳон ба парчами ИМА бо ворид намудани ситораҳои нав тағйироти бештар ворид гардидааст.

— Сайёраи Марс парчами худро дорад.

— Бозиҳои олимпӣ ҳамеша бо парчами Юнон оғоз мешаванд, зеро аввалин бор бозиҳо дар ин давлат пайдо шудаанд.

— Парчамҳои Чад ва Руминия, парчамҳои Андора ва Молдова, парчамҳои Нидерландия ва Люксембург, парчамҳои Хорватия ва Парагвай, парчамҳои Русия, Словения ва Словакия, парчамҳои Баҳрайн ва Қатар, парчамҳои Гвинея ва Мали, парчамҳои Монако, Индонезия ва Полша, парчамҳои Италия ва Мексика, парчамҳои Ҳиндустон ва Ҳабашистон, парчамҳои Перу ва Канада ниҳоят, парчамҳои Тоҷикистон, Маҷористон (Венгрия), Ҳиндустон, Эрон, Италия ва Булғория аз рӯи рангҳояшон ба ҳам монанд ҳастанд.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 24, 2023 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид