Дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Ноябрь 19, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 19.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Дарғи деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст.

Масоҳати умумии майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1753 метри мураббаъ буда, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам гардидааст. Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ аз сатҳи замин 40 метр буда, парафшонии ин муқаддасоти миллӣ дар маркази деҳаи Дарғ боиси ифтихор ва сарбаландии хурду бузурги деҳа гардидааст.

Тибқи иттилои масъулин, майдони Парчами давлатӣ дар ин деҳаи дурдаст бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми соҳибкори ватандӯст Абдусалом Одинаев сохта шуда, шукуҳу шаҳомати Парчами давлатӣ ба ин диёр ҳусни хоса зам намудааст.

Атроф ва саҳни иншоот чароғон гардида, дар масоҳати беш аз 1350 метри мураббаъ дарахтони орошӣ ва гулҳои рангоранг шинонида шуда, бо насби нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғат шароит фароҳам мебошад.

Сокинони деҳаи Дарғ, ки аввалин шуда, дар деҳаи худ  майдони Парчами давлатиро бунёд намуданд, бо шукргузорӣ аз ин ватани ободу озод ҳамоишҳо ва чорабиниҳои фарҳангиро дар ин макони муносиб баргузор менамоянд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мардуми меҳнатдӯсти деҳаи Дарғ дар корҳои ободонии диёр саҳм гузошта, 3 километр роҳи асосии деҳаро мумфаршу чароғон ва манзилҳои истиқоматиашонро обод намуданд. Ин ҳама корҳои созандагиро сокинони ин деҳа самараи Истиқлолият ва амалӣ шудани ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Ноябрь 19, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд