Дар Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон Маркази забон ва фарҳанги чинӣ ифтитоҳ мешавад
ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ифтитоҳи Маркази забон ва фарҳанги чинӣ дар Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон 8 ноябр зимни мулоқоти роҳбарияти донишгоҳ бо ҳайати филиали ширкати «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти донишгоҳ иттилоъ доданд.
Мулоқот бо мақсади амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд доир гардид.
Филиали ширкати «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited» ширкати махсуси гази Тоҷикистон ва Чин мебошад, ки бо мақсади таҳкими ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистон ва Чин тавассути татбиқи лоиҳаи сохтмон ва истифодаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин, хати D» таъсис дода шудааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди робитаҳо ва ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи маориф, инчунин масъалаи додани грантҳо барои рушди донишгоҳро баррасӣ намуданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






