Дар Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе Рӯзи Парчами Тоҷикистонро бошукуҳ ҷашн гирифтанд

Ноябрь 24, 2023 17:14

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе таҳти унвони «Парчами давлатӣ-ифтихори миллӣ»  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши  муштараки тантанавии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин муассиса баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.

Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода иброз дошт, ки  «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрии давлат ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯйи ояндаи дурахшони ҷумҳурии азизамон мебошад. Парчами давлатӣ ифтихори ҳар сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус ва ҳувияти миллии мардуми мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар рангҳои худ инъикос намудааст».

Гуфта шуд, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуда, озмун эълон намуд. Натиҷаи озмун дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 ҷамъбаст гардида, қарори дахлдор қабул шуд. Нахустин амали Сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосияи таърихӣ — бӯсидани Парчами Тоҷикистон буд.


Меҳмонони ҳамоиш вобаста ба таърихи парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ, таърихи парчамдории тоҷикон, қабули Парчами давлатӣ ва истифодаи он, нақши Парчам дар давлатдории миллӣ, арҷ гузоштан ба ин муқаддасоти миллӣ ибрози назар намуда, суханҳои хешро бо иқтибосҳо аз паёму суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият доданд. Ҳамчунин аз ҷониби донишҷўёни Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе маърузаҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ пешниҳод гардиданд.

Дар ҷамъбасти ҷамъомад бо фармоиши директори Агентии хизмати давлатӣ ректори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе  Зайниддин Мухторов ва сардори шуъбаи таҳлилию иттилотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мавлонов барои ҳамкории мутақобилан судманд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо «Ифтихорнома» қадршиносӣ шуданд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2023 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд