Дар Душанбе доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди илми ватанӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди илми ватанӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Коллексияи нумизматии Пешвои миллат», «Президент-поягузори давлатдории миллӣ», «Падидаи Президентӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Президент- поягузори ислоҳоти ҳуқуқӣ ва маънавии ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра маърузаҳо ироа мегарданд.
Инчунин 14 ноябр дар Маркази илмию таҳқиқотии «Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат» дар мавзуи «Баррасии масъалаҳои забоншиносӣ дар асарҳои Пешвои миллат» ҳамоиш доир мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






