Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир ба мушкилоти ҳифзи пиряхҳо дар заминаи тағйирёбии иқлим доир шуд

Ноябрь 15, 2023 17:44

ДУШАНБЕ, 15.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13-14 ноябр Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дигар шарикони рушд дар мавзуи «Мушкилоти ҳифзи пиряхҳо дар заминаи тағйирёбии иқлим ҳолат, омӯзиш, ташаббусҳои ҷаҳонӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.

Конфронс дар доираи пазируфтани ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба эълони Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март -Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир шуд.

Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати пешқадам эътироф гардида, ташаббусҳои глобалиро дар соҳаи иқлим ва об пеш мебарад. Тасдиқи ин гуфтаҳо аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабули қатънома дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон доштани 21 март мебошад.

Зимни конфронс дар доираи баромади коршиносони миллӣ ва шарикони рушд оид ба мавзуъҳои «Ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим», «Таҳким ва рушди ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои захираҳои об ва муҳити зист», «Омӯзиши пиряхҳои Осиёи Марказӣ», «Омӯзиши пиряхҳои Қазоқистон», «Мониторинги омӯзиши пиряхҳои Узбекистон» «90-солагии Стансияи обуҳавосанҷии ба номи академик Горбунов ва нақши ӯ дар омӯзиши равандҳои обуҳавошиносии Осиёи Марказӣ», «Омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон» ва ғайра маърузаҳо шунида шуданд.

Мақсади асосии конфронс- беҳтар намудани муколамаи минтақавӣ ва огоҳӣ дар бораи тағйирёбии иқлим ва ҳолати пиряхҳо дар қитъаи Авруосиё, фаҳмиши амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба мониторинг ва омӯзиши ҳолати криосфера ҳамчун яке аз унсурҳои асосии баланд бардоштани муқовимат ба тағйирёбии иқлим, таҳкими ҳамкорӣ ва интиқоли таҷриба байни минтақаҳои Аврупо ва Осиё дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 15, 2023 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст