Дар Душанбе оид ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдорӣ конфронс доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони варзида иштирок намуданд.
Муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода изҳор дошт, ки дарки манфиатҳои миллӣ, як тарафи масъала ва бо назардошти таҳаввулоти бавуҷудомада бо таъсири раванди ҷаҳонишавӣ таъмини онҳо дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ, тарафи дигари масъала мебошад.
«Тамоюл ва равандҳое, ки дар заминаи ҷаҳонишавӣ ба амал меоянд, дар баробари мусоидат ба муносибатҳои наздики халқу давлатҳо ва ташаккули низоми фарогири робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ байни онҳо ҳамзамон пайомадҳои номатлуберо низ, аз қабили амиқтар шудани фарқи байни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда, шиддат гирифтани фишор, арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ғайраҳоро дар пай доранд»,-баён дошт ӯ.
Бино ба таъкиди Парвиз Муҳаммадзода, дастёбӣ ба манфиатҳои миллӣ, ки фаҳмиши илмии онҳо гуногун аст, дар ҳар марҳалаи таърихӣ тағйир меёбад ва барои дилхоҳ мамлакат муҳим арзёбӣ мегардад. Тавре ӯ гуфт, «агар манфиатҳои миллӣ маҷмуи эҳтиёҷоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар эҳтиёҷоти давлатҳо бошанд, пас онҳо марҳала ба марҳала тағйирпазир мегарданд. Аммо, муҳимтар аз он, манфиатҳои ҳаётан муҳим-ҳамчун маҷмуи эҳтиёҷот ба ҳисоб мераванд, ки ба ҳифзи онҳо мавҷудият ва рушди шахсият, ҷамъият ва давлат алоқаманд аст. Зеро маҳз амнияти миллӣ ҳамчун ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳимми давлат аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохиливу берунӣ фаҳмида мешавад»,–илова намуд мавсуф.
Дар конфронс иброз гардид, ки таърихи сиёсии тоҷикон барои ташаккули ватандӯстию ифтихори миллӣ заминаи қавӣ буда, сабақҳои таърихии он омили муҳимтарини ваҳдату ягонагии миллӣ дар шароити кунунӣ мебошанд. Зеро масъалаи ҳувияту худогоҳӣ барои Тоҷикистони муосир аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Тоҷикистон аз назари геополитикию мавқеи ҷуғрофияш дар макони бархӯрди даъвоҳои геостратегии қудратҳои бузурги сиёсати ҷаҳонӣ қарор дорад.
Баромадкунандагон зарурати рушду таҳкими худшиносии миллии тоҷиконро, пеш аз ҳама, аз он мавқеъ зарур мепиндоранд, ки он бевосита ба решаҳои ҳастии давлати миллӣ робитаи ногусастанӣ дошта, рукни муҳими давлатсолории миллат мебошад. Илова бар ин, таҳаввули ин падидаро метавон ҳамчун сабақи таърихӣ барои тоҷикон арзёбӣ намуд.
Дар ҳамоиш оид ба мавзуъҳои манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллии тоҷикон; таҳдиду хатарҳои воқеӣ ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; вазъи кунунии ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ва ғайра маъруза намуданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






