Дар Душанбе вобаста ба роҳу усулҳои пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ машғулияти омўзишӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ семинари омўзишӣ дар мавзўи «Оқибатҳои нангини коррупсия ва роҳу усулҳои пешгирии он дар соҳаи тандурустӣ» доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта шуд, ки бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионии Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ба имзо расидааст.
Муқовимат намудану мубориза бурдан бо коррупсия кори дастаҷамъона мебошад ва пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва фаъолияти зиддикоррупсионии дастаҷамъонаро талаб менамояд. Тавре дар Паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборизаи дастаҷамъонаро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид намуда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеаро қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа меҳисобанд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки шаклҳои коррупсия дар ҳар давру замон хусусиятҳои хоси худро дошта, дар ҳар намуд онҳо аз порагирӣ то сӯиистифодаи ваколатҳои мансабиро инъикос намуда, ба институтҳои демократӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва арзишҳои волои маънавӣ таъсири манфии худро мерасонид.
Таъкид шуд, ки баргузор намудани чорабиниҳо, омӯзиш ва вусъату тарғиби донишҳо дар бораи коррупсия, меъёрҳои одоб, татбиқи ҷазодиҳӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани шароити хуби ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионии давлат, пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ аз воситаҳои муҳими пешгирии коррупсия ба ҳисоб мераванд.
Агар ҳар як фарди Тоҷикистон ва субъектҳои мубориза бо коррупсия дар якҷоягӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, хавфҳои ришваситонӣ дар ҷомеа хеле кам ва пешгирӣ хоҳад шуд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт






