Дар Хатлон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 ҳазор нафар ба роҳпаймоӣ баромаданд
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 ноябр, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона доир шуд, ки дар он зиёда аз 35 ҳазор нафар иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Дар роҳпаймоии идона тамоми кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, намояндагони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳри Бохтар иштирок намуданд.
Роҳпаймоӣ бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр бо шиору навиштаҷоти пурмазмун иборат аз ифтихори ватандорӣ, шукрона аз ободиву осудагӣ, изҳори қаноатмандӣ аз сиёсати комили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмини амният, сарҷамъ сохтани миллат бо шукуҳу шаҳомати хосса доир шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

















Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






