Дар Хоруғ ба шарафи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши оммавии фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ 15 ноябр ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ дар як фазои идона ҳамоиши оммавии фарҳангию фароғатӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатӣ хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш роҳбарияти шаҳри Хоруғ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуда, бо намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои варзишию илмии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ, расму мусаввараҳое, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, шинос шуданд.
Дар ҳамоиш оид ба Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамоми соҳаҳо ибрози назар гардид.
Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба сари ҳокимият омадан корро аз таъмини сулҳ ва барқарорсозии давлат оғоз намуданд. Маҳз ҷоннисорӣ, заҳмату талош ва такопӯҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки мамлакат аз вартаи нобудӣ халос ёфт.
«Эътибору нуфузи кунунии Тоҷикистон аз хидматҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст ва имрӯз моро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун халқи соҳибтамаддун ва давлати озоду демократӣ эътироф менамояд», — таъкид гардид дар ҷамъомад.
Бояд гуфт, ки бо назардошти саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини мамлакат, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шуруъ аз соли 2016 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Ҳамзамон барои иштирокчиён барномаи фарҳангӣ манзур гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад






