Дар кӯчаи Мушфиқии шаҳри Душанбе барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бинои истиқоматӣ ба истифода дода шуд

Ноябрь 10, 2023 11:45

ДУШАНБЕ, 10.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат зиёда аз 400 иншооту биноҳои мақомоти корҳои дохилӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла танҳо дар даҳ соли охир дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ даҳҳо иншооти нав сохта, ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ аз таъмири асосӣ бароварда, бо шароити беҳтарини зиндагиву хизмат ва таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд. Аз ҷумла имрўз бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Мушфиқии пойтахт барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ин иттилоъ имрўз зимни суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки имрўз ҳамчунин бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти нав — маркази таълимии Қӯшунҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода, Маркази васлу насби таҷҳизоти техникаи оташнишонии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ онлайн ба истифода дода шуданд.

Президенти мамлакат ҳамчунин зимни ин суханронӣ иброз доштанд, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат, дар баробари фароҳам овардани шароити зарурии зиндагӣ ва хизмат барои кормандони мақомоти милитсия, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ва таҳкими асосҳои моддиву техникии онҳо, инчунин, хизмати содиқонаи ҳомиёни Ватан ва қонунияту тартиботро ҳамеша қадршиносӣ менамояд.

«Барои шуҷоату мардонагӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани уҳдадорию вазифаҳои хизматӣ то имрӯз садҳо нафар кормандони милитсия ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд»,- таъкид намуданд Роҳбари давлат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2023 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид