Дар Кумитаи кор бо занон ва оила Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита хабар медиҳад.
Ҳамоиш дар фазои идона бо ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Иброз гардид, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи озодӣ, шукуфоӣ, ояндаи дурахшон ва мояи ифтихори ҳар халқи соҳибдавлат буда, таҷлили он дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳбаландии бузург ҷашн гирифта мешавад.
Ин нишони эҳтироми мардуми сарбаланди тоҷик ба анъанаҳои неки аҷдодон ва таҷассуми мақсаду мароми халқу миллат дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ягона мебошад.
Мардуми сарбаланди тоҷик Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, якпорчагиву бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонад, ки дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳувияту худшиносии миллӣ нақши калон дошта, ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои миллӣ ҳидоят менамояд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба манзалати Парчами давлатӣ иброз доштаанд, ки «Парчами давлатӣ барои мо, тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад. Ҳар фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ менамояд ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».
Дарвоқеъ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати озоду соҳибистиқлол буда, нишонаи олии тамаддунофарӣ, созандагӣ ва муборизаи халқи шарафманди тоҷик дар роҳи амну осудагӣ ва ваҳдату истиқлолхоҳӣ мебошад.
Арҷ гузоштан ба парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ имрӯз ва дар оянда метавонад дар замири ҳар фарди ватандӯст ва ҳар сокини Тоҷикистон эҳсоси дӯст доштан ва ҳифзи ин марзу бумро бедор намояд. Аз ин рӯ, занону модарон вазифадор мебошанд, ки рисолати созандаи худро барои тарбияи фарзандони солим, инсондӯсту ватанпараст, ҳимояткунандаи марзу буми аҷдодӣ, арҷгузорони асили муқаддасот ва арзишҳои миллӣ сарбаландона иҷро намоем.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






