Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд

Ноябрь 23, 2023 15:19

ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфия (ИМА) ду нафар ҳалок ва панҷ нафар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар»  бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин хусус ABS News иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои полис, дар ҷойи ҳодиса на камтар аз 70 маротиба тирпаронӣ шудааст. Муфаттишон чор таппонча ва як милтиқ, инчунин маводи мухаддир пайдо намуданд. Онҳо тахмин менамоянд, ки дар тирпаронӣ гурӯҳи ҷинояткороне, ки ба хариду фурӯши маводи мухаддир машғул ҳастанд, иштирок доштаанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: pixabay.com

Ноябрь 23, 2023 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш