Дар ноҳияи Айнӣ бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 25.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, корҳои сохтмонӣ соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои дохилии Кумитаи давлатӣ оғоз гардидааст. Бино дорои даҳ утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ буда, дар он барои кормадон шароити зарурии корӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи бинои мазкур Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ва масъулони соҳа иштирок намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш барои 280 нафар кӯдакистон сохта мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом коргоҳи бастубанди меваи хушк сохта мешавад
Роҳҳои деҳаҳои Шафақу Тезгари болои ноҳияи Рӯдакӣ мумфаршу бетонпӯш карда шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
35–СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб 494 иншоот бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Хуҷанд сохтмони бинои иловагии гимназияи рақами№4 оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
«ИЛМ — АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИЯ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи XI байналмилалии илмӣ доир шуд






