Дар ноҳияи Панҷ сел ба 6 бинои истиқоматӣ ва 74 замини наздиҳавлигӣ зарар расонд
ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар натиҷаи бориши шадид дар ҳудуди деҳаи «10-солагии Истиқлолияти давлатӣ»-и Ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сел ба амал омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар натиҷаи пур гардидани заҳбури Овзикент-2 сел омада, ба 6 бинои истиқоматӣ ва 74 замини наздиҳавлигӣ зарар расонд. Ҳамчунин дар ин рӯз дар ҳудуди деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов сел ба 21 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва се иншооти ёрирасони сокинони маҳаллӣ осеб расонд.
Дар натиҷаи боло рафтани сатҳи оби канали деҳаи Отчопари Ҷамоати деҳоти Озодагон таҳхонаҳои 12 бинои истиқоматии сокинони маҳаллӣ зери об мондааст. Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳиявӣ барои муайян намудани хисорот ва расонидани кумак кор мебаранд. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус ҷалб шуд. Дар натиҷаи омадани сел талафот ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, омадани сел, болоравии сатҳи оби дарёҳо, ярч ва сангрезиҳо то 10 ноябр идома менамоянд.
Кумита дар робита ба шароити имрӯзаи обу ҳаво бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо дар наздикии обанборҳо набошанд, моҳидорӣ накунанд, ба шикор нараванд ва ҳамчунин аз чаронидани чорво дар чарогоҳ худдорӣ намоянд. Кумита шаҳрвандонро даъват менамояд, ки қоидаҳои одии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд.
Ҳамзамон аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки тамоми заҳбурҳо, ҷӯйборҳо ва партовҳои селро, ки дар наздикии манзили зисташон ҷойгир ҳастанд, тоза намоянд. Ба хотири пешгирии садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо аз ронандагон даъват мешавад, ки қабл аз сафар аз ағбаҳои кӯҳӣ дар бораи ҳолати роҳҳо, шароити обу ҳаво маълумот гирифта, воситаи нақлиёти худро ба сафар омода созанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад






